Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар сабқати интихобии чемпионати Осиё-2012 байни футболбозони то 16-сола дар пойтахти Ӯзбакистон ширкат хоҳад кард.
Бино ба қавли федератсияи футболи мамлакат, дастаи футболбозони навраси ҷумҳурии мо дар гурӯҳи “С” бо тими мунтахаби Баҳрайн, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Ӯзбакистон рақобат хоҳад кард. Сармурабии дастаи Тоҷикистонро алъон мутахассиси ҷопонӣ Чикашӣ Сузукӣ ба зимма дорад ва тими наврасони Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба даври ниҳоӣ мубориза мебарад. Сабқати гурӯҳи “С” (U-16) то рӯзи 9-уми октябр идома ёфта, бозиҳо ба ин тартиб сурат мепазиранд:
1-уми октябр. Баҳрайн – Тоҷикистон, Ҳиндустон – Қирғизистон
3-юми октябр. Қирғизистон– Ӯзбакистон, Ҳиндустон - Баҳрайн
5-уми октябр. Узбакистон – Ҳиндустон, Тоҷикистон - Қирғизистон
7-уми октябр. Тоҷикистон– Ҳиндустон, Баҳрайн - Ӯзбакистон
9-уми октябр. Қирғизистон – Баҳрайн, Ӯзбакистон - Тоҷикистон.{jathumbnail off}
Мӯҳр