Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:39

Боздошти 200 килограмм маводи қочоқӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

29 сентябр 2011, 09:22

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз сӯи кормандони милиса дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон «шираи камол» забту мусодира гардид.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД, зимнан шаҳрванди 35-солаи давлати исломии Афғонистон-Шукрулло Ҳабибулло, сокини  вулусволии Мазори Шариф бо иттиҳоми қочоқи маводи мазкур боздошт гардидааст. Мақомот мегӯянд, ӯ дар мусофиркаши хурди тамғаи «Хундай Старекс» , ки ба  Салим Солиев таалуқ дошт, 199 килою  500 грамм «шираи камол»-ро  бор карда, ба шаҳри  Қӯрғонтеппа овардааст.Аз ин ҷо қочоқчии афғон маводи мазкурро тариқи автомашинаи КАМАЗ-и Баҳодур Холов ба ноҳияи Панҷ интиқол дода, дар манзили зисти Баҳриддин Сатторов пинҳон кардааст.

Оиди ин қазия далели шайъӣ гирифта шуда, тафтиши парванда идома дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!