Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:36

Сабқати ҷумҳуриявии гӯштин дар ноҳияи Ванҷ ба анҷом расид

29 сентябр 2011, 10:39

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини тарзи самбо ба гиромидошти хотираи аввалин Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон Азалшо Олимов дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ванҷ сурат пазируфт.


Дар ин бора Носири Хусрав, муовини сардовари   мусобиқаи мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Бино ба қавли ӯ, чорабинии мазкур миёни паҳлавонони солҳои таваллудашон 1991-1994 аз рӯи 10 вазн (аз 48 то 100 кг) баргузор гардид. Дар мусобиқа 7 даста: ВМКБ, Ванҷ, Хатлон-1, Хатлон-2, Ваҳдат, Душанбе, Суғд иштирок намуда, дастаи Ванҷ барандаи ҷои аввал, тими Хатлон мақоми дуввум ва дастаи Ваҳдат зинаи сеюмро дар ҳисобҳои даставӣ ишғол карданд.

Манбаъ афзуд, мусобиқа бо сарпарастии Кумитаи чавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва кӯмаки молии ҳукумати ноҳия Ванҷ баргузор шудааст.Аз рӯи нишондодҳои инфиродӣ ғолибон дар вазни 48-килограмм -Сафарбеки Ҳукумат аз вилояти Хатлон, Раҳимов Дилшод аз вилояти Хатлон, Азизуллоев Дилдор аз ВМКБ ва Боқиев Ёқуб аз ноҳияи Ванҷ эълом гаштанд. Дар вазни 52 килограмм бошад, ҷойи аввалро Қиёмиддин Авазов аз ноҳия Ванҷ ишғол карда, Пайравшо Шоев аз Хатлон ва Орзу Шехов аз Ванҷ ҷойҳои дуюму сеюмро бо ҳам диданд. Хушқадам Хусравов, намояндаи ноҳияи Ванҷ дар вазни 57 килограмм барандаи сабқат гардида, Шаҳобуддини Файзалӣ аз Ваҳдат ва Комрон Мамадназаров аз ВМКБ, Нӯъмони Сайламшо аз вилояти Суғд зинаҳои баъдиро сазовор гаштанд.Натиҷаҳои дигари мусобиқа чунинанд:

Вазни 62

Ҷойи якум: Содиқҷони Абдураҳим аз Хатлон;

Ҷойи дуюм: Шарипов Раҳмихудо аз Ванҷ;

Ҷойи сеюм: Лутфишоев Исмоил аз ВМКБ ва Охиров Нозимҷон аз Ванҷ

Вазни 68

Ҷойи якум: Садиров Акрам аз Ванҷ;

Ҷойи дуюм: Муҳаббатов Суҳайлӣ аз Ванҷ;

Ҷойи сеюм: Боронов Азамат аз Ваҳдат ва Ёқуби Умар

Вазни 74

Ҷойи якум: Даравов Меҳвар  аз Ванҷ;

Ҷойи дуюм: Олимшои Зафар аз Душанбе;

Ҷойи сеюм: Хосабеков Хосабек аз ВМКБ ва Мӯҳсини Муҳриддин аз Хатлон

Вазни 82

Ҷойи якум: Бегиҷонов Азимҷон аз Душанбе;

Ҷойи дуюм: Боқиев Бежан аз Ванҷ;

Ҷойи сеюм: Чоршанбиев Бахтиёр ва Ширинов Сиёвуш аз ВМКБ

Вазни 90

Ҷойи якум: Бердиев Мақсад аз Ванҷ;

Ҷойи дуюм:Заробеков Хуррам аз ВМКБ;

Ҷойи сеюм: Маҳмадиев Суҳроб  аз Ваҳдат

Вазни 100

Ҷойи якум: Боқиев Ҷалол аз Ванҷ;

Ҷойи дуюм: Назаров Рустам аз ВМКБ;

Ҷойи сеюм: Боқиев Салам аз Ванҷ

Вазни 100+

Ҷойи якум: Раҳматуллоев Умед аз Душанбе;

Ҷойи дуюм: Солиев Икром аз Суғд{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!