Бахшҳо

Абдуқодир Рустам: “...истифодаи “шоҳмот” аслан ҷоиз нест”

Инак 60 ё 70 сол аст дар забони тоҷикон вожаи “шоҳмот” ҷойгузини “шатранг” ё “шатранҷ”, ки дар забони модарии мо собиқаи беш аз 1300-сола дорад, шудааст.

Бо он ки “шатранг” (“чатранг”) вожаи дахили ҳиндист, ки баъдан бо таъсири алифбо ва забони арабӣ ба “шатранҷ” бадал шуда ва “шоҳмот” аз ду бахши форсӣ (“шоҳ” ва “мот”) таркиб ёфта, чунонки Саъдӣ мефармояд:
Аз хуни пиёдае чӣ резад,
Ай бар рухи ту ҳазор шаҳ мот

аммо “шоҳмот” ба маънии истилоҳии он барои мо бегона аст ва “шатранҷ” худӣ, истифодаи “шоҳмот” бидъат аст ва “шатранҷ” дурусту савоб.

Қиссаи эҷоди шатранг машҳур аст, ки ҳакимони Ҳинд онро бисохтанд ва ба даргоҳи шоҳи Эрон бифиристоданд ва гуфтанд, агар рамзу рози ин бозиро бикушоед, чун қабл боҷатон хоҳем дод, агар не аз пардохти боҷ муъоф хоҳем буд. Ва Бузургмеҳри ҳаким рамзи ин бозиро гушод. Ва аз он замон ин бозӣ дар Эроншаҳр бо ҳамон номи ҳиндуяш марсум шуд. Вале “шоҳмот”, ки ба гуфтаи М. Фасмер аз олмонӣ ва ба таҳқиқи П. Я. Черных аз осетинӣ ба русӣ ворид шуда ва аз садаи 11 мелодӣ дар ин забон истеъмол мешуда, пас аз инқилоби булшевикон дар қатори садҳо вожаю таркиби русӣ ба забони мо дохил шуда ва вожаи ошнои “шатранҷ”-ро комилан аз истеъмол берун кардааст.

Ҳоло, бо он ки “шоҳмот” вожаи зебо ва гӯшнавоз ҳам ҳаст, гумон мекунам, мо бояд ба хотири риояти ягонагии забонамон ва пайванд, - аз сӯйе бо гузаштагонамон ва аз сӯйи дигар бо ҳамзабононамон дар Афғонистону Эрон беҳтар аст, дубора “шатранҷ”-и фаромӯшшударо ба доираи истеъмол ворид кунем.

Ва аммо чун сухан аз гузашта меравад, чи дар таълифоти илмӣ ва чи дар адабиёти бадеӣ, истифодаи “шоҳмот” аслан ҷоиз нест.

Абдуқодир РУСТАМ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”)
Мӯҳр
Абдукодир, бигузор хар ду вожа ба кор равад. Дар забони мо садхо калимахо хастанд, ки муродиф доранд. "Шохмот" аз вожагони ноби точикист. Мисли муллохо ин вожаро "бидъат" эълон накунед

хонанда
Дар кадим шохе пеш аз марг мулкхои тобеи салтанаташро ба ду писараш таксим кард. Аммо баъдан писари хурди ба мулки бародар хучум намуда хост уро сарнагуну мулкашро сохиб шавад. Бародари бузург ба лашкараш фармон медихад, ки лашкари забтгарро нобуд аммо ба шохсарлашкар осеб нарасонанд. Вале дар ин чанг бародари хурдиро душманони худи мекушанд. Бародари бузург бо максади назди модар исбот намудани бегунохи хеш аз хакиме машварат мепурсаду дар охир ин бозиро офарида ба модар мефиристад. Шохмот

dd
Акнун истифодаи калимаро хам бидъат хонед. Э шумо дигар ягон кор надоред ми? Аз барои Худо ягон кашфиёт кунед. Ба чои шумо шарми ман омад. Наход калимаро гуфтан савобу бидъат шавад.... Ин кишвар бо шумо хеч гох пеш намеравад!!!

Сару либосамон аз хорич,нисфи зиёди хурокаамон аз хорич.Аккалан забонамонро ба холаш гузоред.Бе ин калимахои арабиро бисёр дохил кардед ба забони ноби точикй.Дигар кор надоред!?

Ба кавли Абу Ханифа (Эмоми Аъзам)бозии Шохмот(шатранч)харом аст!!!

Sami
Шоҳмот гуфтан беҳтар аст, чунки дар якчанд забонҳои мухталифи дунё хам шоҳ-мот мегуянд Исрофилниё Ш.,
Исрофилниё Ш.,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)