Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

КДАМ: 3 қочоқчии афғон ба ҳалокат расид, миқдори зиёди нашъа мусодира шуд

30 сентябр 2011, 04:15

Ҳудуди 63 килограмм маводи мухаддир аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва сарҳадбонон забту мусодира шудааст.


Тибқи иттилои маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ-и ҶТ, аснои амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ кормандони мақомоти амният дар ҳудуди ҷамоати Балхобии нохияи Мўминобод бо гумони нашъаҷаллобӣ ронандаи автомошинаи тамғаи ВАЗ-2114  Аминҷон Авазови 22-сола, сокини шаҳри Кӯлобро, ки мехост аз ҷойи ҳодиса фирор намояд, бо далели шайъӣ боздошт намуданд. Зимни тафтишу азаназаргузаронии дохили нақлиёт 17 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла 15 килограм афюн ва 2 килограмм бангдона дарёфт ва мусодира гардид. Айни замон шарики номбурда Комилҷон Давлатов, ки пештар барои содир намудани ҷинояти алоқаманд ба нашъаҷаллобӣ маҳкум гардида, моҳи августи соли равон дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ба озодӣ баромадааст, таҳти ҷустуҷў қарор дорад.

Ҳамчунин, як гурўҳи чорнафараи сокинони ҷавони кишвар дар натиҷаи амалӣ сохтани чорабинии дигари оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри  Душанбе бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардида, аз онҳо қариб 5 килограмм маводи нашъадори «чарс» мусодира карда шуд. Кормандони раёсати мазкур дар ҷараёни боз як амалиёти махсус аз шаҳрванд Саъдулло Хоҷаев, сокини ҷумҳурии Ўзбакистон қариб 2 килограмм маводи нашъадори ҳероинро, ки дар дохили бухории барқӣ (духовка) ҷой карда, онро ба шаҳри  Хуҷанд интиқол доданӣ буд, мусодира карданд.

Субҳи 23 сентябри соли 2011 бошад,  дар минтақаи дидбонгоҳи «Фархор»-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ наряди сарҳадӣ ҳангоми адои хизмат ба як гурўҳ қочоқчиён дучор гардид, ки онҳо ҳадаф доштанд ба таври ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон маводи нашъаоварро интиқол диҳанд. Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона қочоқбари силоҳбадасти афғон нобуд карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников, 1 борхалта бо 5 кг маводи сахттаъсири ҳероин ва 2 борхалта бо банги ҳиндӣ дарёфт ва мусодира гардид. Тафтиши минбаъда муайян сохт, ки қочоқчии кушташуда сокини улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон Хол валади Пўлоди 47 сола мебошад. Номбурда муддати дароз ба қочоқи маводи нашъадор машғул буд.

Инчунин, шаби 23 ба 24 сентябри соли равон дар минтақаи дидбонгоҳи «Панҷи миёна»-и отряди сарҳадии Панҷ байни наряди сарҳадӣ ва гурўҳи қочоқбарони афғон задухўрди мусаллаҳона ба миён омад, ки дар натиҷа 2 қочоқчӣ - сарвари гурўҳи ҷиноятпешаи афғон Ғаффор валади Маҳмуд ва ҳаммаслаки ў кушта шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников бо тирдонаш, 1 камони шикорӣ ва 2 халта бо 30 килограмм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд.Айни замон аз рўи ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот давом дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!