Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:32

«Бангихона» барҳам дода шуд

17 май 2011, 05:45

Дар Душанбе фасодхона барои истеъмоли воситаҳои  нашъадор  ва модаҳои психотропӣ ошкор гардид.

Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ муайян шуд, ки шаҳрванд Меҳроҷ Латипов 22 сола (истиқоматкунадаи кӯчаи  Титова, хонаи 28,  бекор), боздошт гардид. Ӯ хонаи иҷора гирифтаашро дар хиёбони А. Сино, хонаи 136/7, ҳуҷраи 5 ҳамчун фасодхона истифода мекардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКД шаҳрванд Латипов дар хонаи иҷораи худ барои истеъмоли воситаҳои нашъадор ба шаҳрвандон Наврӯз Бозоров 30 сола, (истиқоматкунандаи кӯчаи  Ғафуров, хонаи 7), бекор, Алишер Муқимов 25 сола  (истиқоматкунандаи ноҳияи  Восеъ, кӯчаи  Ғафуров, хонаи 5), бекор, Мирзоҷон Маҳмадҷонов 32 сола  (истиқоматкунандаи  кӯчаи  Гулбутта, хонаи 22,) бекор, Баҳром Саидов 31 сола , (истиқоматкунандаи  шаҳри  Кӯлоб, кӯчаи  Куйбишев, хонаи 146), бекор, Илҳом Амиралиев 29 сола,  (истиқоматкунандаи  ноҳияи  Ҳамадонӣ, ҷамоати  Қаҳрамон) шароит муҳайё намудааст. Ҳангоми аз назаргузаронии хонаи мазкур сӯзандорую предмедҳои барои истеъмоли моддаҳои нашъадор, маводи сахт таъсири «героин» (ба миқдори 2,9878 грамм), маводи нашъадори навъи «афюн» (1,8601 грамм) ва маводи нашъадори «бангдона» (ба миқдори 3,0183 грамм), дарёфт ва мусодира карда шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!