Бахшҳо

Умед Ҷайҳонӣ: Наврӯз бе солшумории миллӣ дар ҳадди рӯзи кадуву харбуза хоҳад буд

Ҳамасола дар остонаи ҷашни Наврӯз дар доираҳои мухталиф баҳси баргаштан ба солшумории ҳиҷрии хуршедӣ доғ мешавад. Имсол низ истисно набуд ва дар зимн “Озодагон” аз се соҳибназари тоҷик пурсид, ки “БАРОИ ГУЗАШТАН БА СОЛШУМОРИИ МИЛЛӢ ЧӢ МОНЕЪА ВУҶУД ДОРАД?”

Абдуқодири РУСТАМ, нависанда

Монеа ба назарам танҳо тавҷеҳи сиёсии ин мавзӯъ аст. Яъне зимомдорони ҳукмати Тоҷикистон метарсанд ба хашми Русия гирифтор бишаванд. Русия ҳар иқдомеро, ки кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар амри таҳаққуқи ҳувияти миллӣ анҷом медиҳанд, ба унвони берун рафтан аз маҳдудаи фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсии худ талаққӣ мекунад ва таҳлилгарону хабарнигоронашро алайҳи он кишвар бармеангезад.

Нурмуҳаммади АМИРШОҲӢ, таърихнигор

Замина вуҷуд надорад. Замина, ки вуҷуд надорад, чӣ гуна ба он мегузарем. Одитарин чиз гузаштан ба хатти форсӣ аст, ки ҳоло ба он омода нестем, ҳоло солшумориаш тамоман чизи дигар аст. Ҷомеаи Тоҷистон ба ин чиз тайёр нест. Чанд сол мо баҳс кардем ва мубориза бурдем, худи донишмандон ба ин чиз розӣ нестанд. Бадбахтӣ ин аст. Ҳеч кас дастгирӣ намекунад. Равшанфикрҳо, ки дастгирӣ намекунанд, ҳамин тавр мемонад.

Умед ҶАЙҲОНӢ, пажуҳишгар

Агар манзур аз солшумории миллӣ солшумории ҳиҷрии хуршедӣ аст, ки аз Наврӯз оғоз меёбад, монеъа ҳамин аст, ки он солшумории исломист. Дигар ин ки Наврӯз ҳам, ки сароғози он солшуморӣ аст, чандон аҳамияте надорад. Зеро аз як сӯ давлат, ки бо ойинҳои исломӣ мубориза дорад, ҳаргиз солшумории исломиро расмӣ нахоҳад кард, аз дигар сӯ, Наврӯз бе ин солшуморӣ ҳеч маънову мисдоқе нахоҳад дошт ва чизе дар ҳадди рӯзи кадуву харбуза хоҳад буд.
Мӯҳр
Кулоббии мусулмон
Рост мегуй бародар. Ононе ки бо ислом мушкил доран бо навруз ва соли шамси мушкил доран. Ин соли Хофизу Саъдию Рудаки Исмоили Сомони, на русхои масехи ё еатолик.

Чанги шахрвандй тараккиёти Точикистонро хело хам окиб партофт.Гузаштан ба алифбои форсй аз он зиёдтар окиб мепартояд.Солхои 89-90 асри гузашта "рушанфикрон" хаёху бардоштанд,ки ба алифбои ниёгон бармегардем.Хамон солхо чи кадар мутахассисхо баромада рафтанд. Ин дафъа мутахассисони тахчой баромада мераванд.Максад факат гузаштан ба ин хуруфот бошаду он тарафашро фикр накунем,ба Афгонистони дуюм табдил меёбем.

Ана, чехраи ориёии тоза. Гапхояш хам мисли ориёихо, лакаби интихобкардааш хам тахчои - Чайхуни, агар чи баъзе думравихо хануз дорад, ки ба камтачрубагияш далолат мекунад.

Масъалаи гузаштан ба солшумории ачдоди масъалаи догу мухими чомеаи Точикистон нест. Аввал иктисодиётро боло бардоштан лозим аст. Дигар масъалаи гузаштан ба хати ниёгон. Мегузарем гуфтану мондан ба талаби замон мувофик нест. Яку якбора гузашта хам намешавад. Хуб мешуд, ки масъалаи соатхои хати ниёгонро дар мактаб зиёд кардан бардошта мешуд.

Фаррух
Шӯрбахтона, Умед дуруст мегӯяд. Шояд солшуморие "тоҷикона" ба роҳ андозанд ки ҳам хуршедӣ буваду ҳам ба Ислом коре надошта бошад. Масалан солшуморӣ аз оғози соли навишти Авасто бошад. Вале ин ҳам мешавад аз як дине гирифта бар дини дигар задан. Чун дини зардуштӣ низ комилан тоҷикона нест. Беҳтарин пешниҳод аз назари ман ин истифода аз як навъи солшумории Ҷалолӣ истифода шавад ва соли аввал соле ки Хайём ин пешниҳодро карда буд пазируфта шавад (1079). Аз рӯи ин солшуморӣ ки тамоман тоҷиконау илмист, имрӯз аввали фарвардини соли 938-ум мебуд.
Цитата: Кулоббии мусулмон
Шӯрбахтона, Умед дуруст мегӯяд. Шояд солшуморие "тоҷикона" ба роҳ андозанд ки ҳам хуршедӣ буваду ҳам ба Ислом коре надошта бошад. Масалан солшуморӣ аз оғози соли навишти Авасто бошад. Вале ин ҳам мешавад аз як дине гирифта бар дини дигар задан. Чун дини зардуштӣ низ комилан тоҷикона нест. Беҳтарин пешниҳод аз назари ман ин истифода аз як навъи солшумории Ҷалолӣ истифода шавад ва соли аввал соле ки Хайём ин пешниҳодро карда буд пазируфта шавад (1079). Аз рӯи ин солшуморӣ ки тамоман тоҷиконау илмист, имрӯз аввали фарвардини соли 938-ум мебуд.

Кулоббии мусулмон,
Кулоббии мусулмон,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)