Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:09

Диего Марадона ба наздикони Абу Забӣ Авона таслият гуфт

30 сентябр 2011, 05:07

Бозигари тими миллии футболи Аморати Муттаҳидаи Араб зимни як сонеҳаи нақиётӣ ба ҳалокат расид.


Абу Забӣ Саёб Авона, ки моҳи июл бо пошнаи пояш зарбаи ҷаримавии 11-метраро ба ҳадаф расонида буду ба ситори ҳақиқии футбол табдил ёфт, ҳамагӣ 21-сол дошт. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Абу Забӣ пас аз тамрини мунтахаби футболи АМА ба хона бармегашт, вале дар роҳ мошини ӯ бо як нақлиёти боркаш бархӯрда, дар натиҷа Авона ҳалок шуд.

Гуфта мешавад, то имрӯз беш аз 2 миллион нафар тариқи Ютуб навори кӯтоҳи голи Аванаро тамошо карда, лаззат бурдаанд. Коршиносон ҳадс мезаданд, ки ин ҷавони 21-сола бо гузашти муддати кӯтоҳ ба ситораи ҷаҳони футбол табдил ёфта, паҳлӯи Диего Марадона, Пеле ва Роналдо қарор мегирад.Миллионҳо нафар дар Ютюб ин наворро тамошо кардаанд. Шоми дирӯз Диего Армандос Марадона, ки алъон тими футболи «Ал-Васл»-и АМА-ро сарпарастӣ мекунад, ба манзили зисти Авона омада, таслияти хешро изҳор дошт.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!