Бахшҳо

Ҷонибдорони “Гуруҳи 24”: “Мо ифротӣ не, ислоҳотхоҳем”

Ҷонибдорони созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” дар рӯбарӯи бинои консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия гирдиҳам омада, хостори адолати иҷтимоӣ ва хотима бахшидан ба таъқиби мухолифин дар кишвар шудаанд.

Ин гирдиҳамоӣ рӯзи 24 март сурат гирифта, дар он ҳаводорони “Гуруҳи 24” эътирози худ алайҳи қатли раҳбарашон -- Умаралӣ Қувватов, ноадолатии иҷтимоӣ ва пайгардҳои сиёсӣ дар Тоҷикистонро баён карда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қатли Имомназар Имомназаров дар соли 2012 дар шаҳри Хоруғи Бадахшон шудаанд.

Тавре иштирокдорони ин гирдиҳамоӣ дар саҳифаҳои шахсии худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, онҳо дар даст аксҳои Умаралӣ Қувватов, Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи зиндонии тоҷик ва вакили мудофеи маҳкумшудаи ӯ -- Шуҳрат Қудратов, инчунин акси Санавбар Абдуллоева, соҳибкори тоҷикро доштаанд.

Собир Валиев, муовини раиси “Гуруҳи 24”, ки дар гирдиҳамоии мазкур иштирок доштааст, мегӯяд, далели аслии даст ба гирдиҳамоӣ задани онҳо дар хориҷ аз кишвар дар он аст, ки дар Тоҷикистон баргузории тазоҳуроту роҳпаймоиҳо ба мухолифини ҳукумат мамнӯъ мебошад. Ин мақоми аршади “Гуруҳи 24” гуфтааст, онҳо ифротгаро нестанд, балки ислоҳотхоҳанд: “Мутаасифона имрӯз бо сабаби онки дар Ватани азизи мо даҳони озодандешонро муҳр задаанду ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқи роҳпаймоию тазоҳурот барои мухолифин мамнӯъ аст, мо дар ҳиҷрат эътирозу норозигии худро баҳри эълони ҳадафҳоямон, ки асоси онро барқарории қонунмеҳварӣ ва адолати судию баробарҳуқуқӣ ва интихоботи шаффоф бо риояти меъёрҳои ҷомеи маданӣ ташкилмекунад, созмон дода, овози худро баланд мекунем”.

Нуриддин Ризоӣ, яке аз иштироккунандаҳои дигари гирдиҳамоии ҳаводорони “Гуруҳи 24” гуфтааст, маҳз иқдомҳои охири ҳукумати Тоҷикистон боис шудааст, ки онҳо дар хориҷ аз кишвар даст ба тазоҳурот зананд: “Ин роҳро худи режим ихтиёр кард, имрӯз тамоми дарвозаҳо рӯи чавонон баста аст. Садои мардум шунида намешавад, дар интихобот тақаллубкорӣ мешавад, ҳукумат аз мардум фосила дорад, ҳақиқиат ва интиқодро қабул надорад, касе бигӯяд фишор ё зиндонӣ мешавад”.

Эътирози ҳаводорони “Гуруҳи 24” дар ҳолест, ки расонаҳои туркӣ, аз ҷумла сомонаи “Haber7.com” аз боздошти се гумонбар дар қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” хабар додаанд ва ба мақомоти Тоҷикистон ҳам ишораҳое кардаанд, ҳарчанд пулис ва дигар мақомоти Туркия ин хабарҳҳоро то ҳол ба таври расмӣ тавзеҳ надодаанд.

Расонаҳои туркӣ гуфта буданд, ин се нафар бар ивази пул кушторро анҷом додаанд ва ҳанӯз се моҳ қабл тарҳи онро рехтаанд ва бо нафаре аз Тоҷикистон ҳамеша дар тамос қарор доштаанд.

Умаралӣ Қувватов, раҳбари гуруҳи фаъолияташ мамнӯи “Гуруҳи 24” шоми 5 ба 6 март дар яке аз тангкӯчаҳои Истанбул бо зарби тир кушта шуд. Бино ба иттилои наздиконаш ӯ баъди заҳролуд шудани худ ва ҳамсару фарзандонаш дар меҳмонии нафаре бо номи Сулаймон Қаюмов ба кӯча мебарояд ва ҳадафи тир қарор мегирад.

“Гуруҳи 24” дар пайи фирори Умаралӣ Қувватов аз Тоҷикистон чанд соли пеш дар Маскав таъсис шуд ва моҳи октябри соли гузашта дар пайи даъватҳо ба гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе аз сӯи Додгоҳи олии кишвар созмони экстеримистӣ эълон гардид.
Мӯҳр
муосир
ээээ инхо ин кадар гурухи васеъ будиянд, гуед. ман нав фахмидам, ки боз иношам хамрохи хамонхо будиянд

1616
Окибаташро ба хайр гардонад. Метарсам, ки мардуми камбагал азоб накашанд.

Мусофир
Кариб 90%-и ахолии чумхури тарафдори шумо хастанд,аммо аз тарси як оила хама сарчаъмона хомуш нишастаанд

беном
ино хело зиед будиян..ман фикр кардам як ду касанд и ино хело зиед будиян.э хами мардумам хамаш тарафдори гапой хамиехан метарсан бечорахо

Мусаддик
Амали ачибе зеро мухолифони Каззофи,Асад ва Садом низ дар Туркия омодаги диданд окибати миллат ба хайр

Мусофир,
Ин гапхои шумо асос надоранд. Мардуми мусулмон танхо аз газаби Парвардигор тарс дорад Дар назди куввати халк ягон оила ё дигар неру дошт намедихад. Вале барои мардуми Точикистон ороми ва сулх афзалтар аз хама аст. Дар ин мархилаи рушд сарчамъ будани чомеаи мо тахти парчами як рохбар такозои замон аст. Ва илтимос, сари мардумро гаранг накунед....

Истиклол
Шумобарин одамон солхои 1991-1992 халкро истифода бурда сохиби вазифаю мансаб шудани буданд. Хамин гурухи 24 бошад аз тарафи хоричихо ташкил карда шудааст,ки то мамлакату миллати моро пора пора кунанду ва баъд заминхои моро сохиб шаванд. Кудратов дар вакташ бо НАТО хамкори мекард, бо сузишвори онхоро дар Афгонистон таъмин мекард.

Озодандеш
Бародарон, ҳеҷ гоҳ ба умеди роҳбарони "Гуруҳи-24", "Ватандор2 "ва ғайраҳо нашавед, ки онҳо зархаридҳои душманони миллати тоҷиканд. Онҳо бо амри хоҷагонашон барои пул шуда Ватанашонро мефурушанд ва мехоҳанд ба сари миллат бадбахтиеро оранд. Агар мард бошанд хизматҳои кардагишона ба халқу ватаншон номбар кунанд, ба ғайр аз шуру ғавғо ва манфиати шахсишон дигар ҳеҷ коре надоранд.

дипломат
АНА АКНУН МОЛИ ТУРКХОВУ МАКТАБХОИ ТУРКИ БУДАНИ ИНХО МАЪЛУМ ШУД. МИЛЛАТИ ТОЧИК ИНХОРО ХЕЧ ВАКТ ЭТИРОФ НАМЕКУНАД

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)