Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:58

Ғорати шаҳрвандони Ҳиндустон дар дискоклуби «Порт Саид»-и Душанбе

30 сентябр 2011, 05:58

Дар даромадгоҳи дискоклуби «Порт Саид»-и пойтахт шаҳрвандони ҷумҳурии Ҳиндустонро ғорат карданд.


Дар ин бора аризаи шаҳрванди  ин кишвар Муҳаммад Рафиқ  сокини  кӯчаи  Айнӣ, хонаи  48, корманди меҳмонхонаи  «Интернейшнол» ба мақомоти интизомӣ ворид гардидааст. Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз қабл, шахсони номаълум дар даромадгоҳи дискоклуби «Порт Саид», воқеъ дар кӯчаи  Рӯдакӣ, бо роҳи зӯроварӣ аз кисааш нусхаи шиносномаашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ ҷустуҷӯӣ Насимҷон Шарипови 24 сола, сокини  кӯчаи  Н. Қарабоев, Диловар Шарипов 20 сола, сокини  кӯчаи  Фирдавсӣ , Парвиз Мирзоназаров 18 сола, сокини кӯчаи  Фирдавсӣ,  Меҳрубон Ҳасанҷонови 24 сола, сокини  кӯчаи  Сино, дастгир карда шуданд.

Манбаъ афзуд, ин афрод ҳамчунин шаби 23  ба 24-уми соли равон  тахминан соати 23:30  бо роҳи зӯроварӣ аз кисаи шаҳрвандони ҷумҳурии Ҳиндустон Сайфу Сакер 400 доллари ИМА ва аз кисаи  Пиҷантунӣ Награҷан 1-адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа» ва 200 сомонӣ пули нақдашонро тасарруф намудаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!