Бахшҳо
27 мар 2015 11:26Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Аз гумшавии сарбоз ду сол гузашт. Ҳанӯз аз ӯ хабаре нест

И. СУЛАЙМОН

Қазияи беномунишон гум шудани сарбози қисми ҳарбии 2711-и ноҳия Дарвоз Аскаралӣ Саидов баъди ду сол дар меҳвари баҳси расонаҳо қарор гирифт. Дар қазияи ин сарбоз аҷиб ин аст, ки баъди ду соли кофту коб ва тафтишоти мақомот чизе рӯшан намешавад.Модари Аскаралӣ Саидов холаи Сафаргул Саидова, сокини сокини ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон суҳбат ба “Озодагон” гуфт аз мақомот як тақозо дорад, ки писарашро соқу саломат ба ӯ оварда биспуранд. Зеро ба гуфтаи ин модар Аскаралиро кормандони комиссариати ҳарбӣ дар соли 2011 аз "Тахтабозор"-и шаҳри Қӯрғонтеппа гирифта, ба хидмати сарбозӣ бурдаанд.

ГУМ ШУДАН АЗ НАЗДИКИИ ДИДБОНГОҲ

Қазияи гум шудани сарбоз Аскаралӣ Саидов ба қавли полковник Муҳаммадҷон Ҷаъфаров, муовини сардори Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон бисёр печида аст. Ӯ мегӯяд, мо аз оғоз то кунун дар ҷараён ҳастем. Ин ҳодиса соли 2013 шуда буд. Ҳарчанд дар он замон ман дар дигар вазифа кор мекардам, вале новобаста аз ин дар ҷараёни ҳодиса қарор доштам. Полковник Ҷаъфаров мегӯяд: “Сарбозон ба наряд мераванд ва худи Аскаралӣ сардори ҳамин гуруҳи нарядбонҳо будааст. Баъди лаб-лаби дарёи Панҷ сарҳадро назорат карда мераванд ва ҳангоми баргашт, дар наздикии дидбонгоҳ, Аскаралӣ ба гуруҳ амр медиҳад, ки Шумо биравед ба дидбонгоҳи марзӣ (застава). Гуруҳ мераванд ба тарафи дидбонгоҳ ва вақте ба қафо мегарданд, мебинанд Аскаралӣ, ки дар дасташ автомат ва дигар силоҳҳои низомии ба ӯ вобасташуда дошт, нест. Рафта сардори дидбонгоҳро хабар мекунанд, ҳамакаса рафта кофтукоб менамоянд, ки пайдо намешавад. Баъд аз он занг мезананд ба отряди сарҳадӣ ва ҳамин тавр хабар то Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ ва Кумита расид”.

Модари сарбоз холаи Сафаргул мегӯяд, ин ҳодисаро 19 феврали соли 2013 комиссариати ҳарбии ноҳияи Бохтар ба ӯ расонадааст, ки аз он замон то кунун барои фарзандаш гиря мекунад ва аз таъсири гиря чашмонаш хирабин шудаанд.

БА АСКАРАЛӢ 300 СОМОНӢ ЧАРО ЗАРУР ШУД?

Ба гуфтаи Сафаргул Саидова фарзандаш 14 феврали 2013, 40 рӯз пеш аз тамом шудани давраи аскарияш, ба онҳо занг зада мегӯяд, 300 сомонӣ ба таври бисёр оҷилӣ кор дорад. Модараш ба ӯ мегӯяд, бародараш ваъда кардааст, ки то 20-уми феврал пул мефиристад. Вале Аскаралӣ гуфтааст, то 20-ум дер мешавад. “Баъдан,-мегӯяд Сафаргул Саидова,- 19-уми феврал хабари гумшуданашро оварданд ва пештар ҳам як бори дигар гуфта буд, ки 200 сомонӣ барои харидани либос зарурат дорад, мо онро фиристода будем”.

ФАРЗИЯҲО ДАР МАВРИДИ ГУМ ШУДАНИ САРБОЗ

Полковник Ҷаъфаров мегӯяд, баъди ҳодиса як гуруҳи тафтишотӣ ташкил шуд ва ин гуруҳ якҷоя бо Прокуратураи ҳарбӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ниҳоди зидди ҷосусии ҳарбӣ вобаста ба ин қазия тафтишот бурд: “Дар ин қазия якчанд фарзия вуҷуд дошт. Яке аз фарзияҳо ин буд, ки гӯё ин сарбоз бо қочоқ сару кор доштаасту бо шаҳрвандони Афғонистон доду гирифт мекардаст. Фарзияи дигар ин буд, ки гӯё ӯ ба тарафи Афғонистон гузашта, рафта бо Толибон якҷоя шудааст. Боз як фарзияи дигар буд, ки гӯё як мошини ҷип омадаасту ин сарбоз автоматашро партофта ба Душанбе рафтаасту бо ҳамин ғайб зада ба Русия рафтааст. Ин гуруҳ бо падару модари ин сарбоз ҳамкорӣ намуд, онҳоро даъват карданд. Ба макони ҳодиса рафта ҷустуҷӯй намуданд, вале ҳеч натиҷа бас даст наомад”.

Ба қавли ӯ, ҳамаи ин фарзияҳо эҳтимолӣ буданд, яъне бештар овоза буданд: “Тафтишот ҳеч кадоме аз ин версияҳоро тасдиқ накард. Мо дар ҳамкорӣ бо марзбонони ҷониби Афғонистон ҳам ин қазияро дунболагирӣ кардем, онҳо ҳам кофтанд, вале чизе пайдо нагардид. Ҳамчунин як фарзия дигар буд, ки гӯё гунаҳкор будаасту худро дар об ғарқ кардааст. Аммо аз об ҳам пайдо нашуд. Чун бар асоси таҷрибаҳо дар дарёи Панҷ агар ғарқ шуда бошад 40 ё 50 рӯз пас дар ин ё он тарафи дарё бояд ҷасад пайдо мешуд, вале ин ҳам мушоҳида нашуд”.

Модари Аскаралӣ Саидов ҳам мегӯяд, баъди ҳодиса, 23 феврали 2013 ба ноҳияи Дарвоз ба қисми ҳарбие, ки фарзандаш хидмати сарбозӣ мекард, ҳамроҳи ду бародараш рафтааст. “Мақомот то ҳол ба мо ҷавоби қонеъкунанда надодаанд. Мо ба Дарвоз рафтем, вале он ду сарбозеро, ки бо ҳамроҳии Аскаралӣ дар наряд будаанд ба мо нишон надоданд. Ман ҳам дар онҷо шунидам, ки гӯё фарзандам ба як қаиқ савор шуда ба Афғонистон рафтааст ё ба як ҷипи сафед савор шуда ба тарафи Шӯрообод меравад, вале ҳамаи инҳо тахмин мебошанд, ҳақиқати ҳодиса ошкор нагардидааст”,-мегӯяд ӯ.

ПАРВАНДАИ ҶИНОӢ, АММО ТО ҲОЛ БОЗ

Муовини сардори Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, полковник Ҷаъфаров мегӯяд, ҳарфе ки гӯё аз ин қазия касе намедонад асос надорад: “Прократураи ҳарбӣ вобаста ба ин қазия парвандаи ҷоноӣ боз намуд. Гум шудани як сарбоз, гум шудани аслиҳа ва тиру тирдон инҳо ҳам вориди парвандаи ҷиноӣ буданд ва тафтишот шуд. Мутаассифона ҳамаи кофтукоб ягон натиҷа надод”.

Фарзияҳое, ки вобаста ба ин қазия вуҷуд доранд сарусадоҳои гуногунро ба бор овардаанд, вале модари Аскаралӣ мегӯяд, ки фарзандаш ҳеч гоҳ дар мавриди ин ки бо касе мушкил дошта бошад ё аз касе қарздор бошад ба онҳо чизе нагуфтааст. “Ҳамон рӯзи 14-уми феврал ҳам занг зад, нагуфт, ки 300 сомониро барои чӣ сарф мекунад. Агар дар масъали хидмати писарам кадом гапу гузори берун аз қоидаҳои хидмат мебуд ҳатман ба мо мақомот хабар медоданд, вале мо тайи ду сол вобаста ба хидмати фарзандам ягон шикоят ва ё мактубе аз қисми ҳарбияш нагирифтем”,-изҳор дошт Сафаргул Саидова.

САРБОЗ САИДОВ БО ҚОЧОҚ САРИ КОР ДОШТ?

Ба тайиди Ҷафаров тафтишот ҳам далелҳои собиткунандае пайдо накард, ки даст доштани Саидовро дар қочоқ бо ҷониби Афғонистон тасдиқ намоянд. “Боз як бори дигар такроран мегӯям, ки парвандаи ҷиноие, ки боз шудааст то ҳанӯз қатъ нашудааст. То замоне, ки ин сарбоз пайдо нашавад ё ин қазия ошкор нашавад, то вақте ки автомат ва дигар муҳимоти низомеро, ки гум шудаанд наёбем ин парванда шояд ба муддати 70-80 сол қатъ нашавад”,-афзуд ӯ.

Полковник Ҷаъфаров дар идома гуфт, “ин қазияро аз оғоз то кунун, мо ҷиддан дунболагирӣ кардем. Навобаста аз дигар паҳлуҳои масъала командири қисми ҳарбӣ аз вазифа рафт, сардори сарситоди қисми ҳарбӣ аз вазифа гирифта шуд, сардор ва муовини дидбонгоҳи сарҳадие, ки сарбоз Саидов онҷо хидмат мекард, сабукдӯш шуданд. Тамоми шахсони ба қазия марбут ҷазоҳои гуногун гирифтанд. Ҷазоҳоро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон татбиқ намуд”.

МОДАРИ САРБОЗ: БА МАН ҶАВОБИ ҚОНЕЪКУНАНДА БИДИҲАНД

Аммо Сафаргул Саидова модари сарбози бе ному нишоншуда мегӯяд, то замоне, ки мақомот ба ӯ ҷавобе надиҳанд, ки қонеъ нагардад, ҳатман аз онҳо дар куҷо будани фарзандашро талаб мекунад: “Ман се дафъа дар ҳузури Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа будам, онҳо ҳам гуфтанд, ки мо кофтукоб кардем ва боз мекунем. Ба Комиссаритаи ҳарбии ноҳия ва Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ ҳам ҳамеша меравам ва боз хоҳам рафт”.

ОШИ НОЧАШИДАИ ХОЛАИ САФАРГУЛ ВА АФСӮСИ Ӯ

Холаи Сафаргул бо мо бисёр бо димоғи сӯхта ва ҳолати афгор суҳбат мекард. “Дар ин муддате, ки фарзандам гум шуд бисёр ҳоли зоре дорам. Ҳама ҷо меравам аз Аскаралиям нишоне пайдо намекунам. Дар ғами фарзандам бисёр сӯхтам ва азобҳои руҳии бузурге кашидам. Бовар кунед, ман як бачаи соқу саломатро ба хидмат равон кардам, 2 сол хизмат кард, 40 рӯзи дигар монда буд, ки баргардад, аммо ин ҳодиса шуд. Ман гӯё, ки ошро пухта дам кардаму начашидам, ки чӣ лаззате дорад. Ҳоло ҳамсинфҳояш зан мегиранд ва тӯй доранд. Ман садои мусиқии тӯйи онҳоро шунида ҷигарам пора пора мешавад”,- бо алам ва чашмони гирён мегӯяд Сафаргул Саидова.

Полковник Ҷаъфаров ҳам мегӯяд, ки замоне ба вазифаи муовини сардори Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ таъин шуд чандин маротиба модари сарбоз Саидов омаду суҳбатҳо доштанд: “Аз ӯ хоҳиш кардем, ки холаҷон, агар Шумо чизеро дар ин маврид медонед ё ахбори дигаре доред ба мо бигӯед, то ин муаммо тезтар кушода шавад. Вале дар ҳоли ҳозир қазия ҳамон тавре, ки гуфтам дар ҳолатест, ки чизе ошкор нашудааст”.

Холаи Сафаргул бошад, мегӯяд, сару либосеро, ки барои тӯйи Аскаралӣ гирд оварда буд, ба иҷбор барои фарзанди дигараш, ки ҳанӯз хеле ҷавон аст истифода кардаву ӯро хонадор намудаст.
Мӯҳр
призивник
Ана аз чи сабаб аз аскари мегрезанд банакли як ветерани чангибузури ватани гуе ба фронт рафтабошаду ефта намешавад ин шармандаги

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)