Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:42

«Тоҷиктрансгаз»: Хоҳишмандонро бо газ таъмин мекунем

30 сентябр 2011, 07:31

Ҳар сокини  шаҳри Душанбе, ки хоҳиши гирифтани газ ва тавоноии пардохти ҳаққи онро доранд, дар зимистони имсола бо газ таъмин хоҳад шуд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз ширкати «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд. Ба гуфтаи манбаъ, айни ҳол мутахассисон ба барқарору таъмири қубурҳои газгузар машғуланд ва дар сурати зарурат аҳолиро бо газ таъмин хоҳанд кард. Сарчашмаи хабар таъкид кард, ки дар таъминоти аҳолӣ бо газ, вазъи боду ҳаво ва истеҳсоли барқ ҳам нақши муайянкунанда мебозад. «Дар сурати дастрасии бемаҳдуд ба барқ, одатан сокинони пойтахт аз гирифтани газ, ки манбаи нисбатан қимати нерў мебошад, даст мекашанд»,-афзуд манбаъ.

Зимнан, сарчашма дар мавриди нархи ин навъи сӯзишворӣ гуфт, арзиши гази Ўзбакистон барои ҳар семоҳа вобаста ба нархи маҳсулоти нафтӣ, -  мазуту газол дар биржа муайян карда мешаванд. Дар семоҳаи сеюм, ки дар арафаи анҷомёбист мо 1000 метри мукааби гази ўзбакиро бо  нархи 284 доллару 33 сент харидорӣ мекунем. Барои семоҳаи охири сол нархҳо 10 – 12 рўз пас аниқ мешаванд».

Масъулини ширкати «Тоҷиктрансгаз»  изҳор медоранд, ки тибқи шартнома имсол бояд аз Ўзбакистон 180 миллион метри мукааб газ харанд, аллакай ҳудуди 135 миллион метри мукаабро гирифтаанд. Дар «Тоҷиктрансгаз» таъкид карданд, ки Ўзбакистон зимни интиқол газ имсол мушкилиеро эҷод накарда, ҳаҷми дар шартномаи дутарафа пешбинишударо интиқол дода истодааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!