Бахшҳо
28 мар 2015 13:17Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси ФМС фоидаи Русияро аз фурӯши патент 100 миллиард рубл гуфт

Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия (ХФМР) гуфтааст, ки аз низоми нави фурӯши патент барои муҳоҷирон ба буҷаи Русия солона аз 80 то 100 миллиард рубл фоида ворид мешавад. Ба гуфтаи раиси ХФМР танҳо дар чанд моҳи соли 2015 1 миллиарду 650 миллион рубл ба буҷа ворид шудааст.

Ромодановский ба хабаргузории “ТАСС”гуфтааст, ки теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуниро ба шиддат коҳиш медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир ба гуфтаи Ромодановский бештар аз 1 миллиону 240 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба Русия мануъулвуруд шудаанд, ки бештари онҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Танҳо дар моҳи январи соли ҷорӣ ба иттилои раиси ХФМР 70%-и теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ коҳиш дода шудааст.

Ин изҳороти раиси ХФМР дар ҳолест, ки бар асоси омори ғайрирасмӣ бештар аз 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ба Русия мамнуъулвуруд шудаанд.
Ромодановский гуфтааст, ки Русия низоми худкори назорати давраи будубоши муҳоҷиронро фаъол кардааст, ки намегузорад муҳоҷирон аз муҷозот дар канор бошанд ва ба гуфтаи ӯ чунин як низом то ҳатто дар кишварҳои Аврупо вуҷуд надорад.

Ин мансабдори Русия гуфтааст, ки агар муҳлати будубоши ғайриқонунии як шаҳрванди хориҷӣ то 120 рӯз бошад ба муддати 3 сол ва агар то 270 рӯз бошад барои 5 сол ва агар бештар аз 1 сол ғайриқонунӣ иқомат карда бошад то 10 сол ба Русия мамнуъулвуруд гардонда мешавад. Аз ҳама бештар ба Русия шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон, Озорбойҷон Арманистон ва Қирғизистон муҳоҷират мекардаанд ва аз теъдоди онҳое ҳам, ки ба ҳудуди Русия иҷозаи сафар надоранд бештар шаҳрвандони ҳамин кишварҳо мебошанд,-гуфтааст Константин Ромодановский.
Мӯҳр
Ин калла зардхо зурашон ба давлатхои гарб нарасид, касди онро аз мухочирони мехнатии давлатхои 'хамшарики' худ мегиранд. Худ дуруяанду ( ваъдаи сохтани НОБ Рогунро карда аз кавлашон гашта буданд) боз шарм накарда давлатхои гарбро дар дуруяги таъна мезананд.

Мансабдори РУСИЯ аз фоидаи худаш гуфтаасту аз зарари МУХОЧИРУ шароити мухайёкадааш гап назадааст. Мо чашми чорем ки МаНСАБДОРИ ТОЧИКИСТОН (ВАКИЛОНИ ТОЗАИНТИХОБ, ВАЗИРОНУ НАМОЯНДАГИИХОИ ОНОН)аз "фоидаи" худашон ва бонкхо аз 70 % зарарашон хабар медода бошанд ё не ?????!!!!! ХА ХА ХА!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)