Бахшҳо

CPJ аз мурофиаи додгоҳии журналисти тоҷик нигаронӣ мекунад

CPJ, ё худ Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон аз ҷараёни муҳокимаи додгоҳии журналисти тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов изҳори нигаронӣ кардааст.


Дар баёнияе, ки ахиран аз сӯи ин ниҳоди байналмилалии рӯзноманигорон мунташир шуд, аз ҷумла омадааст, мақомоти тоҷик ҳар чӣ зудтар айбномаи зидди хабарнигори маҳаллии нашрияи "Нури зиндагӣ"-ро бекор кунад ва парвандаи ӯ баста шавад. CPJ аз хабари он ки   намояндаи додситонӣ барои Исмоилов ҳукми 16 соли ҳабсро дархост кардааст, шадидан нигарон шуда, гуфтааст, дар сурати қабул шудани ин ҳукм Муҳаммадюсуф Исмоилов аввалин рӯзноманигори тоҷик хоҳад буд, ки дар даҳ соли охир ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон мешавад.

Ҳамзамон, баъд аз зӯҳри 29-уми сентябр зимни мурофиа намояндаи додситонӣ аз додрас хост, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов барои 16 сол ба ҳабс гирифта шавад. Ӯ ҳамчунин афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба қонуни афв ин мӯҳлат метавонад ду сол камтар, яъне 14 сол бошад.

Маврид ба ёдоварист, хабарнигори нашрияи "Нури зиндагӣ", ки беш аз 10 моҳ боз дар зиндон ба сар мебарад, дар тӯҳмату таҳқир ва ангезиши эҳсосоти маҳалгароёна айбдор мешавад.Ба гуфтаи вакили мудофеи айбдоршаванда Муҳаббат Ҷӯраева, дар ҷараёни мурофиа ва муҳокимаи додгоҳии парвандаи Исмоилов иттиҳомоти асосии  "тамаъҷӯӣ" ва "маҳалгароӣ" исбот нашудааст.

Ёдрас менамоем, додгоҳи ноҳияи Ашти вилояти Суғд баррасии парвандаи ҷиноиро алайҳи рӯзноманигори минтақавии ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» Муҳаммадюсуф Исмоилов дар аввали моҳи равон оғоз карда буд. Ҷумъаи Мирзо, сардабири ин ҳафтанома ҳамон вақт эълом дошт, ки сабаби боз шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадюсуф Исмоилов ба фаъолияти касбии ӯ рабт дорад, зеро хабарнигор матлабҳои интиқодиеро аз вилояти Суғд омода ва нашр мекард. Бояд гуфт, Муҳаммадюсуф Исмоилов  ба таҳқиру тавҳин ва барангехтани низоъи миллию мазҳабӣ аз сӯи додгоҳи ноҳияи Ашт муттаҳам шудааст. Номбурда ҳанӯз моҳи ноябри соли 2010 боздошт гардида, то ин замон дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Суғд ба сар мебурд.

Зимнан, кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, созмони "Хабарнигорони бидуни марз" ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), ИЖТ ва соири дигар ташкилоту ниҳодҳои журналистии Тоҷикистон  боздошти хабарнигорро таҳаммулнопазирии мақомоти маҳаллӣ ба маводи интишоркардаи ӯ рабт медиҳанд ва хостори озодии ӯ гаштаанд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)