Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 01:38

Рекламаи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба 1 миллион $ наздик шудааст

1 октябр 2011, 05:25

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар моҳи август барои рекламаи хизматрасониҳояшон зиёда аз 965 ҳазор доллар сарф намуда, дар бозори реклмаи кишвар пешсафтарин маҳсуб меёбанд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз шўъбаи мониторинги рекламаи маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» хабар доданд.Ба иттилои манбаъ, моҳи гузашта барои реклама аз ҳама зиёд ширкати «Tcell» сарф кардааст.

«Аз рўи нишондоди варақаҳои нархӣ дар моҳи август хароҷоти «Tctll» барои реклама 365 ҳазору 315 доллар, хароҷоти «Мегафон Тоҷикистон» - 334 ҳазору 271 доллар аз «Beeline» 218 ҳазору 421 доллар,  аз «TK-Mobile» - 18 ҳазору 986 ва хароҷоти Babilon – mobile» 26  ҳазору 671 долларро ташкил додааст».

Ба гуфтаи манбаъ ширкатҳои мобилӣ моҳи гузашта барои таблиғот тавассути газета 23 ҳазору 563 доллар, тавассути маҷалла 12 ҳазору 136 доллар, тавассути радио 26 ҳазору 59 доллар, тавассути телевизион 18 ҳазору 754 доллар ва барои рекламаи берунӣ 884 ҳазор 806 доллар харҷ намудаанд.

Моҳи гузашта дар пайи алоқаи мобилӣ, бахшҳои маҳсулоти истеъмолӣ, тибб, таҷҳизот барои хона ва фаъолияти  молиявӣ ба қатори пешсафони бозори реклама дохил шудаанд. Дар маҷмўъ, масъулини маркази «Зеркало» ҳаҷми бозори рекламаи Тоҷикистонро дар моҳи август 2 миллион 943 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ карданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!