Бахшҳо

Адибаи Азиз: Мурданам беҳ, ки хомӯш биншинам!

Адибаи Азиз, шоири ҷавони тоҷик дар маҳфили навбатии “Ҷаҳони андеша” зери унвони "Марги даҳшатбори Фархунда дар Афғонистон ва ҷаҳолати таассубангез" суханронӣ менамояд.

Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш нахустин вокуниши ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар баробари қатли ин духтари афғон аст. Адибаи Азиз мегӯяд, масъулони маҳфили “Ҷаҳони андеша” пас аз хондани шеъру вокунишҳояш аз ӯ даъват кардаанд, дар мавриди қазияи кушта шудани духтари 27-солаи афғон бо номи Фархунда, ки сару садоҳои зиёде дар Афғонистон ва ҷаҳон ба бор овард, дар ин маҳфил суҳбат кунад.

Хонум Адиба мегӯяд: “Мо бо Афғонистон ҳаммарз ҳастем ва ин гуна қазияҳо метавонанд ба ҷомеаи мо ҳам таъсир расонанд”.

Ба қавли хонум Адиба, ки тайи 2 моҳ дар Русия қарор дошта, онҷо таҳқиру куштори муҳоҷирони бесоҳиби тоҷикро медидааст ва аз тоҷикситезии ҷониби Русия бисёр ҷигархун гаштааст, ба Тоҷикистон омада хурсанд шудааст, ки инҷо суботу оромист: "Аммо вақте дар Афғонистони ҳамсоя ин ҳодисаи нангин шуд, ман ба ин хулоса расидам, ки қотилони инсонҳо дину миллату мазҳаб надоранд".

Адиба ҳамчунин мегӯяд, наметавонад дар баробари чунин як ҳодиса ва ҳодисаҳои ба ин монанд хомӯш бошад. “Дар ҳар куҷои дунё як духтар барои ҳақиқат гап занаду ӯро бикушанд, агар тамоми мардум ҳам бар зидди ман гап занад, садоямро баланд мекунам. Ҷоҳилон дину мазҳаб надоранд. Инҳо бояд дар паси дин пинҳон нашаванд. Ман на динситезаму на мазҳабӣ, ки ба ин чизҳо сахт дода шавам. Мурданам беҳ, ки хомӯш биншинам”-мегӯяд шоир.

Адиба афзуд, дубайтии зеринро дар бораи қатли Фархунда гуфтааст:
Ваҳшиёне, ки маро кушта буданд,
Ҳама дар хуни ман оғушта буданд.
Ман агар зинда будам, мурда шудам,
Ман агар мурда будам, зинда шудам!
Мӯҳр
Адиб
Хар руз як мухочир кушта мешавад вахшиёна инро шоираи азиз магар намебиниву намешунави ё ки мо ба такдир тан додаем?. Бале харгуна марги мачбури дахшат аст, вале хохиш доштам шоираи мухтарам катли чавонони точикро дар Руссия кам набинед. Овоз бароред.

Чалолиддини Амир
Хар киро дар сина дил аст, ба ин куштори вахшиёни беимон бояд садо баланд кунад. Ин вахшитинатон на танхо Фархундаро куштанд, балки бо ин амали худ обуруи мусулмононро рехтанд ва нишон доданд, ки мусулмонон хамин гуна чохил ва дарранда хастанд. Хайф меояд маро к-он дини пок, Дар миёни чохилон гардад халок. Сухан гуфтани Адибаи Азиз дар махфили “Ҷаҳони андеша” гувохи он аст, ки зиёи ва сохибхирад дар мукобили чахолат ором истоданро бешарафи медонад. Ва бояд эътироз намуд ва бояд рохи чахолати асримиёнагиро гирифт. Дар мукобили чахолат истодагари накардан дарёи пуртугёни беномуси ва бешарафиро пуртугёнтар ва дасти вахшитинатони одамсуратро дарозтар менамояд. Марг ба он хама тудаи чохил ва марг ба онхое ки ин тудаи бехирадро барои куштани Фархунда тахрик доданд.
Аз суханронии Шумо хохари азиз истикбол менамоем.

Самар
Адибаи Азиз Дар бораи маги Сумаяи чордахсола чи мегуед хохарам

Шуҳрат
Хонум Адиба ин қадар доно будасту лекин намедонистааст, ки ҳиҷоб барои зан фарз аст. Худованд ҳидоят кунад.

Хисори
Офарин Адибачон! ахсан ба часоратат! Чаро дигар шоирахои мо хапанд дар ин хел рузхо забонашон лол мегардад ё танхо мехоханд, ки мардум шеърашонро таъриф кунанд....

Вакте харруз чавонони точик бегунох кушта мешаванд боре хам ин садои хонум ва пайравонаш мисли чахони андешаю академикхою хукуматдорон боре хам садо баланд накарданду намекунанд. Чанд руз пеш чавони точикро бо амали вахшиёна яъне аз гуруснаги ба катл расонданд. Ходисахои дигар хам ки мисли сар буридани чавони точик бо намоиш додан ё бо сузондани зинда ба зинда буд, ки хама хомуш буданд. Кай шумо химоят аз миллат мекунед. Малумаст ки коре ба миллат надоред.

Низом
Хамин хам дубайти шуд ми? Ба гайр аз 1-2 шоир дар чамияти мо дигар шоир намондааст. Шеър натанхо бояд кофия дошта бощад, балки маъно низ дошта бошад. Баъд ин гуна шиорпартои накунем: "Дар ҳар куҷои дунё як духтар барои ҳақиқат гап занаду ӯро бикушанд, агар тамоми мардум ҳам бар зидди ман гап занад, садоямро баланд мекунам." Мана дар Русия будед, он кадар дарду азияти мардуми моро дидед. Кани садоятон? Чаро баланд намекунед? Чаро намепурсед, ки ин мухочирон бо чи сабаб рафтан? Ки айбдор? Шумо ва шумобаринхо факат дар махфилхо метавонед 1-2 шиор партоеду халос

Рафоат
Шуҳрат,

Хичоб моли терористон аст. алхамдулилох мо терорист не

Аз дубайтиятон буи шеър намеояд хохарам. Худатонро овораю хандахариш накунед. Агар ин кадар "Модари Миллат" мебудед, акаллан дар бораи дидахоятон дар Русия аз чабру ситами тоссархову урусхо ба мардуми мусалмон байтаке менавиштед. Зери калимоти динситезу мазхаби чиро мефахмед, намедонам. Аммо аз дубайтии навиштаатон маълум, ки саводатон дар кадом поя аст. Бехтараш барои шухрат шуда, худатонро ташвиш накунед. Фоида надорад. "Косаи чини чу садо мекунад, Худ сифати хеш адо мекунад". Аз садоятон саводатон маълум шуд хохарам!!!!

Журналист
Ваҳшиёне, ки маро кушта буданд,
Ҳама дар хуни ман оғушта буданд.
Ман агар зинда будам, мурда шудам,
Ман агар мурда будам, зинда шудам!

Ххахахахахахахахахахахах ана шоири нави точик

Ҳама дар хуни ман оғушта буданд.-ин чи маъно дора??? Хахахахахахаха

дустон ва хамватанон,
мехохам аз андешахо ва огози муборизаи шоираи чавони точик Адибаи Азиз бар зидди чахлу зулму ситам ва ифротгарои пуштибони кунам. Котилони Фархунда ифротгароени мусулмони Афгон хастанд ва котилони мухочирони точик дар Россия ифротгароени насронии рус. На паямбари ислом Мухаммад (с.а.в) ва на хазрати Исо (а.с) ба пайравонашон фашистиву вахшоният наомухтаанд.
....Ва онеки ки дар бораи кушташудагони мухочири точик хонум Адиба ва е дигарон садо баланд намекунанд ин албатта накши бузурги воситахои ахбори омма аст (В,А,О) ки ошкоро сиесати зидди мухочирии точики доранд.
6 мухочири чавони точикро дар вагон дарошонро махкам карда вагонро оташ мезананд, чавони 22 солаи точики бадахшониро дар метрои Кантемировский сар мебурранд аммо дар ягон радио ва телевизор ахбор намешавад... хатто мо дар Москва бехабар мемонем темболее Адиба ва адибабаринхо дар он суи дуне...
гулдухтари чавони точик ки бо як гурури точикии чавони камари химмат бастааст барои точикхо ва умуман фарзанди одам хидмат кунад бояд пуштибони шавад.
Ман дар Афгонистон будам ва хуб медонам ки дахшати джохилии аксарияти мардуми Афгон аз скинхедхои рус камтар нест.
ва гузашта аз ин, агар мабодо хам ки Фархунда гунахкор мешуд бояд уро суди давлати чазояшро медод на як туда авбошу дузду рохзану баччабозон...
.......гуфтанихо ва дарду аламхо хеле зиеданд ва дар охир танхо гуфтаниам ки
ба пеш хонум Адиба
Аллох бо шумо ман бо шумо, худо мувафакатон кунад.

( дар вактхои бекориат кам кам дар Куръон сараи Аннур ва Алвокиъаро бихон, боки хама хуб).....

Хохари азиз камтар машки шеър кунед ё шероятона аз назари шоире гузаронед пас ба хонандагон пешкаш кунед...

Чи шарххои нотавонбинона! Нафахмидем, шумо чи? Чонибдорони котилону чохилонед, ки аз садои як зани хаммиллати худ ба тахлука афтодед?! Акнун ба Адибаи Азиз мансаб доданду шумо кафо мондед! Айбу шармро намедонед? Адиба бехтарин шоири озодихох, ватандуст ва муваффаки мост. Шеърхое зиеде гуфтааст, ки мушкил нест овардани онон барои мухочират ва гариби. Шархи баъзе бародарон байти машхурро ба ёд меорад: Хар чи донад лаззати канду набот, Турбаи ках бошаду кунчи работ! Шеъри Адибаи Азиз дар берун аз Точикистон хам хаводорони худро дорад. Комёб боши, духтари ормонхо!

точик
Рафоат,
НОМАЪКУЛ КАРДИ!Ки хичоб моли террористон бошад.ХИЧОБ ДАР КИТОБИ КУРЪОН омадааст ва моли МУСУЛМОНХОСТ.

[quote=Низом]Ман агар зинда будам, мурда шудам,
Ман агар мурда будам, зинда шудам![/quote]
[quote=Низом]Ман агар зинда будам, мурда шудам,
кофияи ин мисрахо чист?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)