Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:38

Эътирози сокинони Маскав алайҳи В.В.Путин

1 октябр 2011, 05:55

Дар майдони ба номи Пушкини шаҳри Маскав гирдиҳамойии эътирозии сокинон   алайҳи пешбарии раиси ҳукумати ин кишвар  Владимир Путин ба  номзадии президентӣ  баргузор гардид.


Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Русия, раҳпаймоӣ бо мувофиқа бо ҳукуматдорони шаҳри Маскав сурат пазируфта, дар он садҳо нафар эътирозгарон ширкат намудаанд.

Гуфта мешавад, аксияи эътирозӣ аз ҷониби ҳаракатҳои мухолифини ҳукуматӣ, ки ба «Кумитаи панҷ дархост» (Комитет пяти требований) шомил будаанд, ташкил ёфтааст. Дар он мухолифини аршади ҳукумати феълӣ Иля Яшин аз ҳаракати «Солидарност», Константин Косякин аз «Ҷабҳаи чап» (Левий фронт), Сергей Аксенов аз «Русияи дигар» (Другая Россия)  ва дигар мухолифин ширкат ва суханронӣ кардаанд.

Эътирозгарон бо ҳар роҳу восита ишора ба он менамуданд, ки омадани Путин ба сари қудрат ба «ҳалокати Русия» баробар аст ва гузашта аз ин, он ба сар задани исён дар гӯшаҳои  мамлакат оварда мерасонад.

Дар ҳамин ҳол, ВАО-и ин кишвар аксияи эътирозӣ алайҳи Путинро дар майдони Пушкин яке аз амалҳои  мухолифин унвон кардаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!