Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:55

Ҷавонони ИДМ ин навбат дар Душанбе гирди ҳам омаданд

1 октябр 2011, 08:13

Дар бустонсарои ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ҷараён дорад.  

Тавре аз  кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, ҳамоиши мазкур фардо низ ба кори худ идома медиҳад. Баррасии масоили муҳим роҷеъ ба ҳаёти ҷавонони кишварҳои аъзои шӯро аз мавзӯъҳои меҳварии нишаст унвон мешавад. Манбаъ афзуд, дар ин ҷаласа намояндагони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Молдова ва Украина ширкат доранд. Лозим ба ёдоварист, ҷаласаи пешини шӯрои мазкур дар шаҳри Еревани Арманистон баргузор шуд. Он замон Маликшо Неъматов, раиси кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро барои фаъолияти пурсамараш дар пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон бо нишони тиллои фахрии вазорати ҷавонони Арманистон қадрдонӣ намудa буданд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!