Бахшҳо
03 окт 2011 04:21Хабарҳои минтақа

Террори Бурҳониддин Раббонӣ муносиботи Афғонистону Покистонро тира кардааст

Қотили Бурҳониддин Раббонӣ шаҳрванди покистонӣ будааст.


Дар ин бора кумитаи таҳқиқи террори собиқ райисҷумҳури Афғонистон ва райиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар, ки ба таърихи 20-уми сентябри соли 2011 дар Кобул иттифоқ афтод, эълом дошт. Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, ки бо такя ба далелҳои кумитаи мазкур хабар таҳия кардаанд, қотил худро фиристодаи паёми сулҳ аз ҷониби ниҳоди раҳбарии гурӯҳи Толибон, ки ба Шӯрои Квета маъруф аст, муаррифӣ карда буд. Пас аз ҳодисаи марги устод Раббонӣ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай кумитаи вижаеро таҳти раёсати Абдулраҳим Вардак, вазири дифоъ, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири умури дохила, Исҳоқ Алку, додситони кулл ва Раҳматуллоҳ Набил, сарпарасти Амнияти Миллӣ барои таҳқиқ дар ин маврид таъин кард. Ин кумита баъди тафтиши чанд ҷузъиёт ва бо гузашти 10 рӯз аз ҳамлаи интиҳории хунин, ки мунҷар ба марги Раббонӣ шуд гуфтааст, тарҳи террори Бурҳониддин Раббонӣ дар шаҳри Кветаи Покистон барномарезӣ шуда буд. Дастгоҳи президент ба нақл аз суханони аъзои кумитаи таҳқиқ навиштааст: "Шахсе, ки даст ба амали интиҳорӣ алайҳи шаҳиди сулҳи Афғонистон устод Бурҳониддин Раббонӣ зад, табаъаи кишвари Покистон буд ва дар шаҳри Чаман зиндагӣ мекард .Аъзои кумитаи таҳқиқ ҳамчунин гуфтаанд, ки аснод ва далелҳои бадастомада дар ҷараёни таҳқиқотро ҳамроҳ бо ном, нишонӣ ва шумораи телефенҳои муттаҳамон барои боздошт ва таҳвил додани онон ба Афғонистон ба давлати Покистон додаанд. Ҳамзамон, Лутфуллоҳ Машъал, сухангӯи идораи амнияти миллии Афғонистон ба хабарнигорон гуфтаст, ки агар Покистон ба ин дархости ҳукумати Афғонистон посухи мусбат надиҳад, ин идора ба равиши худ дар ин маврид амал хоҳад кард, аммо тавзеҳи бештаре ироа накард.Дар пайи терури раиси Шурои Олии Сулҳи Афғонистон равобити миёни Афғонистон ва Покистон тира шуда ва рӯзи шанбе ҳукумати Афғонистон фаъолиятҳои ситоди муштараки ду кишвар барои сулҳро ба ҳолати таълиқ даровард ва сафари барномарезишудаи Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон ба Кобулро ҳам лағв кард. Ёдрас менамоем, Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, рӯзи сешанбеи 20-уми сентябр, аснои музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як маргталаб дар хонааш кушта шуд. Мақомоти Афғонистон он вақт ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки як маргталаб худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст.Ин хабар тамоми Афғонистонро такон дод ва дар як лаҳзаи кӯтоҳ ҳазорон нафар ба хотири сӯгворӣ ва эътироз аз қатли Раббонӣ дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд. Марҳум яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон маҳсуб гардида, дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)