Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

Ҳероин дар борхалтаи донишҷӯ

17 май 2011, 07:10

Аз донишҷӯи донишгоҳи политехники Тоҷикистон маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон»  аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ  дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, наздикии тарабхонаи «Лесная Сказка», шаҳрвандон Фирдавс Камолов 22 сола (истиқоматкунандаи  маҳаллаи Меҳробод, хонаи 190), донишҷуӣ бахши  4-уми донишгоҳи политехникӣ ва Фазлиддин Расулов 23 сола, (истиқоматкунадаи  кӯчаи  Қабодиён, хонаи 22/1,) бекор, мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Зимни кофтукоби шахсӣ аз борхалтаи Фирдавс Камолов маводи сахттаъсири ҳероин, ки  вазнаш 1 кг 68 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд. Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!