Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:53

«Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2015».

3 октябр 2011, 06:17

Масъулини хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, имсол нисбати соли гузашта теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қонунвайронкуниҳо роҳ додаанд,  аз 400 нафар ба 74 нафар коҳиш ёфтааст.


«Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа дар давраи солҳои 2011-2015», лоиҳаи вижае, ки аз ҷониби хадамоти муҳоҷирати кишвар таҳия шуда буд, аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардид. Масъулини хадамоти муҳоҳират мақсади роҳандозӣ намудани ин лоиҳаро дар бартараф намудани камбудиҳо ва монеаҳои ҷойдошта роҷеъ ба фаъолияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия рабт доданд. Аз рӯи маълумоти  хадамоти муҳоҷирати кишвар, давоми 9 моҳи ахири соли равон, нисбати ҳамин давраи соли гузашта қонунвайронкунӣ аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик дар Русия коҳиш ёфтааст ва қонунвайронкуниҳо аз 400 ҳолат ба 74 ҳолат кам шудаанд. Ба гуфтаи намояндагони хадамоти мазур баъзе расонаҳои хабарӣ иттиллоъ медиҳанд, ки вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бадтар шудааст, лекин аз рӯи маълумоти намояндагии хадамоти муҳоҷират дар федератсияи Русия маълум гардид, ки  ин нишондодҳо ҷиҳати ба қонунувайронкунӣ роҳ додани муҳоҷирон коҳиш ёфтааст.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!