Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:49

Мусобиқаи аспдавонӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт

3 октябр 2011, 07:36

9 октябри соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявии аспдавонии «пойгаи равон» дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.


Тавре Саломат Шарипова сухангӯи дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ин мусобиқа варзишгарони аз 16 сола боло бо  аспҳои 2-3 - 4 сола ва аз 4 сола боло аз рӯи масофаҳои зерин бо ҳам қувваозмоӣ хоҳанд кард:

-Пойгаи аспҳои 2 солаи зоти англисӣ  дар масофаи 1000 метр, пойгаи аспҳои 2 солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 1000 метр,  пойгаи аспҳои 3 солаи зоти англисӣ дар масофаи 1600 метр, пойгаи аспҳои 3 солаи тоҷикӣ дар масофаи 1600 метр, пойгаи  аспҳои 4 солаи зоти англисӣ дар масофаи 2000 метр, пойгаи аспҳои 4 солаи зоти тоҷикӣ дар масофаи 2000 метр, пойгаи аспҳои аз 4 сола болои зоти англисӣ дар масофаи 2000 метр баргузор хоҳад шуд.

Тавре манбаъ иттилоъ дод, чорабинии мазкур бо мақсади инкишофи оммавӣ ва маъмул гардонидани аспдавонӣ  дар байни аҳолӣ баргузор хоҳад шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!