Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

Кашфи 15 кило ҳашиш дар дохили «КАМАЗ»

3 октябр 2011, 07:46

Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе миқдори зиёди маводи нашъадор ёфт шуд.


Тавре ба «Озодагон» аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт шаҳрванд  Саъдулло Ҷангиеви  49 сола,  сокини  ноҳияи  Ванҷ, ки айни замон бекор аст, боздошт гардид.  Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда, муайян карда шуд, ки 15 килою  10 грамм, маводи нашъадори «ҳашиш»-ро аз ноҳияи  Ванҷ ба шаҳри  Душанбе бо автомашинаи тамғаи «Камаз», рақами давлатияш  АК 12-56 РТ 03, интиқол дода ба пешдастгиршуда Саидасанова Қобиламоҳи  46 сола, сокини кӯчаи  Рӯдакӣ,  барои фурӯхтан додааст.  Ба иттилои манбаъ Саъдулло Ҷангиеви  49 сола, доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаи 228-и кодекси ҷиноии федерасияи Русия  аз озодӣ маҳрум гардидааст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!