Бахшҳо

Ганҷина Ганҷова- барандаи озмуни вижаи «Аҳмадсоз»

Натиҷаҳои аввалин озмуни ширкати муштараки Тоҷикистон-Малайзия «Аҳмадсоз», ки миёни журналистон эълом гардида буд, имрӯз дар Душанбе ҷамъбаст шуд.


Ганҷина Ганҷова, рӯзноманигори ҷавон барои матлаби дар ҳафтаномаи «Ману Ту» таҳти унвони «Аҳмадсоз»:   Донишҷӯёни лаёқатманд дар хориҷа имтиёз доранд, нашр кардааш сазовори ҷои аввал гардид. Тибқи шарти озмун, барандаи мақоми якум ҳаққи таҳсили ройгон дар донишгоҳи олии Малайзияро барои се сол пайдо мекунад, ки арзиши миёнаи тадрис дар он кишвар ба 15 ҳазор доллар баробар аст.

Ҳамин тавр, ҳайати ҳакамон навиштаи Уғулой Мухтороваро, ки дар нашрияи «Озодагон» бо номи «Аҳмадсоз»-Роҳ ба сӯи орзуҳо ба табъ расидааст, сазовори ҷойи дуввум донистанд. Бону Мухторова ҳам ҳаққи таҳсил дар яке аз мактабҳои таҳсилоти олии Малайзияро бо тахфифи 45 фойиз дарёфт кард. Журналистон Шӯҳрати Давлатшо ва Сайфиддин Суннатӣ бошанд, ҷойи сеюмро бо ҳам диданд.

Абдураззоқ Абдуллоев, роҳбари ширкати «Аҳмадсоз» зимни ин нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чунин озмунҳо муаррифӣ намудани ширкати «Аҳмадсоз», ҳамчунин  дасгирии ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон аст. Ӯ аз иштирокчиёни ин озмун ва аъзои ҳакамон барои заҳматашон дар баргузории чорабинӣ изҳори сипос карда афзуд, ки шурӯъ аз имрӯз ширкати онҳо озмуни вижаеро дар якҷоягӣ бо вазорати маорифи Тоҷикистон роҳандозӣ   мекунад. Бино ба қавли ӯ, озмуни мазкур дар мавзӯи «Намоишгоҳи таълимӣ ва аҳамияти он дар пешрафти соҳаи маориф» сурат пазируфта, дар он хабарнигорони радио, телевизион ва рӯзномаҳо метавонанд, ширкат намоянд. Шартҳои озмуни навбатиро шарҳ дода, Абдуллоев афзуд, талабот чунин аст:   намоишгоҳи таълимӣ ва аҳамияти онҳо дар рушди соҳаи маориф, фаъолияти ширкати «Аҳмадсоз» дар ташкили намоишгоҳҳои таълимӣ, ҳадаф аз баргузории  намоишгоҳҳои таълимӣ, таваҷҷӯҳи донишгоҳҳои ватанӣ ба намоишгоҳҳои таълимӣ, муқоисаи бахшҳои маорифи ду кишвар.

Ёдрас менамоем, ширкати «Аҳмадсоз» соли 2008 таъсис ёфта, дар тӯли фаъолияташ беш аз 300 нафар донишҷӯёни тоҷикистониро ба донишгоҳҳои гуногуни давлати Малайзия барои таҳсил сафарбар намудааст. Тавре масъулини ин ширкат иброз намуданд, ҳадафи асосии онҳо аз ташкили ширкати мазкур тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар равияҳои илмҳои дақиқ барои соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон мебошад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)