Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:55

Путин барои Тоҷикистон гузашт кард, аммо тоҷирони ватанӣ ҳарос доранд

3 октябр 2011, 10:57

Сар аз якуми октябр интиқолдиҳандагони бензин аз Русия , боҷи содиротиро дар ҳаҷми 370,2 доллар сари ҳар тонна пардохт мекунанд, ки нисбат ба моҳи  сентябр 30 доллар камтар мебошад.


Дар ин маврид охири ҳафтаи гузашта, Владимир Путин, нахуствазири Русия қарори дахлдор имзо намуд. Тибқи ин санад боҷи содиротӣ барои маҳсулоти рўшани нафтии дигар дар ҳаҷми 271,5 доллар муайян шудааст.  Айни ҳол, тибқи иттилои расмӣ зиёда аз 90 фоизи бензин ба Тоҷикистон аз Русия дохил шуда, вақтҳои охир зиёда аз 80 фоизи бозори бензин дар Тоҷикистон ба ихтиёри ширкати русии «Газпромнефт- Тоҷикистон» гузаштааст. Аз 11 ҳазору 700 тонна бензине, ки моҳи август ба Тоҷикистон дохил шудааст, ҳудуди 9,5 ҳазор тоннаашро ширкати «Газпромнефт-Тоҷикистон» ворид кардааст. Дар ҳоли ҳозир нуқтаҳои фурўши ин ширкат як литр бензини навъи АИ – 92-ро бо арзиши  6 сомону 70 дирам нарх дорад.

Сабаби асосии афзоиши нархи сўзишворӣ дар Тоҷикистон ба боҷи содиротии Русия рабт дода мешавад, ки Тоҷикистон сар аз моҳи майи соли гузашта, ба далели аъзо набуданаш дар Иттиҳоди гумрукӣ пардохта истодааст.Димитрий Медведев, президенти Русия, зимни сафараш ба Тоҷикистон, аввалҳои моҳи гузашта изҳор дошта буд, ки то охири соли ҷорӣ ба тарифҳои боҷи содиротии маҳсулоти нафтӣ миёни ин ду кишвар таҷдиди назар хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон бо такя ба ин изҳорот ҳадс мезананд, ки то охири соли ҷорӣ боҷи содиротӣ лағв мешавад.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи воломақом аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» изҳор дошт, ки овозаҳои лағви боҷи содиротӣ фаъолнокии соҳибкоронро дар самти воридоти сўзишворӣ коҳиш додаст: «Метарсанд, ки рафта бо пардохти боҷи содиротӣ сўзишворӣ харанду  чанде пас Русия ин боҷро лағв намояд ва дар натиҷа онҳо зарар хоҳанд дид». Манбаъ ҳамчунин аз воридкунандагони сўзишвории  Тоҷикистон даъват мекунад, ки ба овозаҳои лағви боҷи содиротӣ бовар накарда, воридоти сўзишвориро коҳиш надиҳанд.

Тибқи иттилои расмӣ моҳҳои охир ҳаҷми бензини расман воридшаванда, ба 50 фоизи талаботи моҳонаи кишвар баробар аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!