Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:17

Боз як тоҷикистонӣ унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб гашт

4 октябр 2011, 03:13

Варзишгарони  тоҷик аз шаҳри Анапаи Русия бо як медали тилло, як нуқра ва як нишони биринҷӣ ба ватан баргаштанд.


Тавре аз аз маркази матбуотии кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ ба хабарагузории «Озодагон» иттилоъ доданд, дар ин мусобиқаи варзишӣ ки оид ба муҳорибаи универсалӣ доир гардид, варзишгарони 30 давлат, аз ҷумла Русия, Украина, Молдова, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Сурия, Булғористон, Литва ва Чехия ширкат варзиданд. Тоҷикистонро дар ин сабқат 3   нафар: Хуршед Нуров, Мубориз Амирбеков ва Маҳмадюнус Ризоев  муаррифӣ карда, ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд. Хуршед Нуров дар вазни 55 кило миёни ҷавонони 16-17 сола сазовори медали тилло ва унвони Чемпиони ҷаҳон, Мубориз Амирбеков дар вазни 50 кило байни наврасони 14-15 сола сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра, Маҳмадюнус Ризоев бошад, дар вазни 80 кило миёни ҷавонони 16-17 сола ҳунарнамоӣ карда, нишони биринҷиро ба даст овард.  {jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!