Бахшҳо

Номҳои идеологӣ: “Хоҷа”-ю “сӯфӣ” бегонаанд ё “ов”-у “вич”?

Иршод Сулаймонӣ

Зоҳиран ба назар мерасад, ки як тоҷик ҳар аҷзое аз баданаш қисмат шудаву марбути ниҳодҳо шудаанд. Ҳоло каблуки кафшаш ба як вазорату ришаш ба вазорати дигару ному насабаш ба вазорати дигаре марбут шудааст. Вазоратҳо акнун ба ҳарими хусусии шаҳрвандон бепарда ворид мешаванд. Либоси як тоҷик ҳоло ҳассосият ба вуҷуд меорад, дар рӯяш риши арабӣ медамад, ному тахалусаш тафриқа меандозад, вале ҳеч не, ки тақдири тоҷик ва ояндааш нигаронии ниҳодҳоро ба бор биоварад.

Агар либоси як тоҷик махсуси ӯ нест, ришаш тоҷикӣ нест, руймолаш мансубаш намебошад, ном гузшта наметавонанд, каблуки кафшашро интихоб карда наметавонад, пас тоҷик салиқа, завқ шоистагӣ надорад? Агар ин чизҳоро тоҷик надорад, пас чӣ дорад?

Агар ҳар касе, ки мегӯяд Тоҷикистон кишвари муъчизаҳо нест, иштибоҳ мекунад. Муъҷизакории вазоратҳои мо дар ин авохир бисёр бесобиқа аст. Ҳоло як вазорат дасташро аз миёни пойи шаҳрвандон накашида (ташхиси пеш аз издивоҷи ҷавонон аз ҷониби вазорати тандурустӣ), ки дигараш дастдарозӣ кард. Иқдоме, ки вазорати адлия мехоҳад номи як тоҷикро мушаххас ва масдуд кунад ба эҳтимоли зиёд поёни ин муъҷизакориҳо нест. Ном дар ҳама ҳолат муайянкунандаи ҳувият, худии худ ва шоистагии инсон аст. Ин бармегардад ба фарҳанги номгузорӣ, ки аз чӣ сарчашмае об мехӯрад, аз кадом тамаддуне мерос мебарад ва ба чӣ тамоюлоти фарҳангиву иҷтимоие тасодум мекунад. Баҳсҳо сари номгузорӣ ҳарчанд, ки нав нестанд, вале бо иқдоми ахири вазорати адлия, ки мехоҳад аз роҳи қонун ин тамоюлро танзим кунад масъала комилан идеологӣ шуд.

Вазорати адлия пешниҳод кардааст, ки гузоштани номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, номи ашё, маҳсулот, ҳайвонот ва паррандагон, инчунин номҳое, ки шаъну шарафи инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳои ҷудо менамояд, манъ шавад. Ин ниҳод бо илова ба номҳои “шаъну шарафи инсонро пастзананда” хостааст, номҳои ба фарҳанги миллӣ бегона - тахаллусҳои "мулло", "халифа", “тура”, ”хӯҷа”, "хоҷа", “шайх”, "валӣ", "охун", "амир", сӯфӣ" ва ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозии одамон мегарданд" манъ гарданд.

Вазорати адлия мехоҳад, ки номгузории ба фарҳанги миллӣ бегона манъ шавад. Дар ин росто, вазорат агар мехоҳад номгузории ба фарҳанги миллӣ мухолиф манъ шавад, пас бояд қонун ному насабгузории славянии русии –ову –вичро манъ кунад. Чаро дар тарҳи пешниҳодии вазорати адлия бекор кардани гузинаҳои ову вич нест. Магар ин гузинаҳои славянии русӣ мансуби тоҷиконанд ва ё ба “фарҳанги миллии мо бегона” намебошанд? Пас маълум мешавад, ки вазорати адлия на номҳоро ба фарҳанги миллӣ оид мекунад, балки масъала хосияти идеологӣ дорад.

Дақиқан ин идомаи корҳоест, ки бо номи хушсадо ва қашанги фарҳанги миллӣ анҷом дода мешаванд. Вале аз тарафи дигар, ин задани латмаи бузург ба фарҳанги миллӣ аст. Ҳоло мушаххас нашуда ва ё дақиқтараш мушаххас накардаанд, ки мақсуд ва манзури мақомот аз таъбири фарҳанги миллӣ чист? Ҳар падидаи диниву исломие, ки вориди фарҳанги тоҷикон шуда бошад зоҳиран аз назари мақомот падидаҳои бегона ба фарҳанги миллӣ талаққӣ мешавад. Аз дохили ҳувияти тоҷикӣ кашидани фарҳанги динӣ ҳарфи бисёр дурусти файласуфи маъруфи тоҷик Меҳмоншо Шарифзодаро ба хотир меоварад, ки “мо бо ин кор мехоҳем ҷанги тамаддунҳоро ба дохили ҳувияти тоҷикӣ биоварем”.

Гузашта аз ин табақаҳои суфиву амиру хоҷаву шайху охуну халифа ҷузъе аз фарҳанги миллии мо ҳастанд, ки дар сарнавишти миллату мардум дар давоми асрҳо ба ҳар шевае таъсир доштаанд. Ҳоло ин табақаҳо дигар дар Тоҷикистон табақаҳои расмиву эътирофшуда боқӣ намондаанд, вале ба маънои он нест, ки онҳо аз фарҳанг ва суннати мо тард шаванд. Агар мо ба номгузории вожаи бисёр рӯҳнавози сӯфӣ мухолафат дорем, пас сарнавишти адабиёти суфия ё тасавуфии мо аз устод Рӯдакӣ то аллома Айнӣ чӣ мешавад? Ин адабиёт ҳам ба фарҳанги миллиамон бегона аст? Фалсафаи тасаввуф чӣ? Ростӣ, мантиқи вазорати адлия ва дигар идеологҳои мо бисёр ҳайратовар маълум мешавад.

Бо ин ки дар таркиби номи Ҳофиз вожаи хоҷа ҷой дорад, ҳеч гоҳ ин эҳсос дар ҳеч кадом ҳофизпажуҳе ба бор наомада, ки мояи тафриқаандозист. Балки эшонро бо ифтихор Хоҷаи Шероз ном мебаранд. Аз ҷониби дигар вожаи хоҷа падидаи бегона ба фарҳанги миллии мо нест, балки як вожаи форсии ноб аст.

Вазорати адлия ва вакилони муҳтарами Маҷлиси Намояндагон агар мехоҳанд аз падидаҳои бегона фарҳанги миллиро наҷот бидиҳанд воқеан ҳамун пасвандҳои ному насабсози – ову –вичро барҳам бизананд. Зеро замони мо дигар замони идеологиясозиҳои сиёсӣ нест, балки замони муколама ва тафоҳум аст, бигзор ирода ва раъйи ҷомеаи рӯшанфикрӣ ҳам дар ин маврид ба эътибор гирифта шавад. Тасмимҳои фарҳангӣ набояд аз пеши мардум аҳли адабу фарҳанг гирифта шавад. Шояд ин иқдом натиҷаи баръакс бидиҳад, зеро мушоҳида мешавад, ки дахолати ҳукумат дар шахси вазорату ниҳодҳо ба зиндагии хусусии мардум авҷ мегирад. На илм ва на ахлоқи роиҷи башарӣ ҷонибдори дахолат ба ҳаёт ва корҳои шахсии инсонҳо нестанд. Ҳоло агар як тоҷик бихоҳад, ки ба писараш Обама ва ё Мойкл ном бигузорад посухи вазорати адлия чист? Ё бо таваҷҷуҳ ва алоқае, ки дар замони Шӯравӣ мардум ба роҳбарони морксизм доштанду баргирифта аз ҳарфҳои аввали ин пешвоҳои морксизм фарзандонашонро МЭЛС ном ниҳода буданд, онҳоро чӣ бигуем. Ё ҳазорон тоҷике, ки дар Русия таваллуд шудаанду Нинаву Наташаву Лена ном гирифтаанд ва агар биёянд барои зоднома гирифтан чи бархӯрде сари онҳо сурат мегирад. Бисёр хуб мебуд агар вазорати адлия таърифе ба ибораи “ба фарҳанги миллӣ бегона” медошт!
Мӯҳр
зода. пур. иён
гапхои хакикат ва хасос

ном
МАН НОМАМ.БА МАН НАЧАСПЕД.

як чахон ташакур чаноби ИРШОДИ!Шумо шарх ва тахлили хубе кардед ки вазорати одля бина хатойхо ва конун барориша .ИН ВАЗОРАТИ ФАРХАНГИ ТОЧИКИСТОН КАС ДОРА НОМОИ ФОРСИРА АЗ БАЙН БАРАУ НОМХОИ ЧИН ПИНА ВАН ВАНУ ВА ДИГАР ФАРХАНГИ ХИТОЙХОРА КУШ КУНАД!ОЛИ МЕБИНЕД!

Достон
САЛОМАТ БОШ БАРОДАР ИРШОД. ХАМАГОН МЕДОНАНД КИ АЗ ЧУНИН ВОРАСТА КАРДАНИ СУХАНОНИ ХАК ХУКУМАТРО ХУШ НАОЯД . ДАР АСРИ -21 ДИГАР ЧАШМИ БЕ САВОДТАРИН МАРДУМРО НАМЕТАВОН БО ЧУНИН КОНУНХОИ АФСОНАВОР ПУШОНИД . ВАЛЕ ЧИ ХОЧАТ АЗ ОНКИ ХАК ХАТМАН РУЗЕ БАРАФРОШТА ХОХАД ШУД ВА БО СИМОИ ЗЕБОМАНЗАРУ ХУШТАЪМАШ ЧАШМИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОЧИКИСТОНРО РУШАН ХОХАД КАРД !

Мухаммад
Вокеан нафрати бузурги хукуматдорони мо нисбати ислом, онхоро девона кардааст. Намедонанд боз чи кор кунанд, то ки мардумро аз ислом дур намоянд. Тасаввур кунед, ба як нафари мусулмони вокеи талаб мекунанд ки номи писаратро Абдулло, Мухаммад, Абдулчаббор ва гайра намонад. Духтарашро Оиша, Фотима, Хумайро ва гайра намонад. Умедворам мусулмонхои ба номусу бо шараф хеч вакт ба чунин тахкирхо ба зидди дину шахсияташ рози намешавад.

Журналист
дар урфият мегуянд ки "хама наълкуни рафт, курбокка хам аз пушти вайхо рафт". Калу кур аку ба мара журналист шуданд.

Ҷеки
Дар ҳақиқат суханони муассир ва ошкор, аммо сад афсӯс, ки бисёриҳо ситора нашудам гуфта, абр мешаванд. Зинда бош муҳаққиқи тоҷик! Гарчи курҳо офтобро набинанд ҳам, офтоб ҳаст.

точик
Вазорати адлия номаькул кардааст

Агар мардуми Точикистон хомуширо ихтиер кунаду бахри хукукхои конститутсиониаш талош наварзад, бо конунхое ба тасвиб мерасонанд,ки сирф ба хаети шахсии мардум,яьне тарзи хамхобаги бо хамсаронро,дарназар дошта бошанд.

Комил
Бисёр фасон навиштед.

Офарин Иршод! Бисер масъалаи мухимеро ба миен гузошти! Умедворам ки хонандахо на факат дар ин масъалахо фикру андеша мекунанд, балки дар бораи нигох доштани забони модари (форси-точики), ки дар байни аксарияти мардуми Точикистон дар холати маълул (инвалид) аст.

кулоби
Салом бар милат. Маколаи хуб буд ахсан.
Харруз праблема сарашонро мехуранд, бояд зуд баскунан набоша пешашонро бигиран ё бигирем. Тамом.

Вокеан Бехтарин макола
агар ин коргарони вазорати адлия заррае хувияту инсоф дошта бошанд хамин маколаи бародар Басандааст
охир монед мардума ба холи худаш
безор кардед куу бад мегуед ки мо чавонон ифротиву чунину чунон шудем
дастатон доим дар харими мо дароз мекунед боз чиро аз мо интизоред ?

Иршодчон дар гуши кар карнай пуф кардед. Инхо аз кучо ба зери маънои фарханги милли диккат ва таваччух медихан аз бесаводиашон гапи хочагонашонро тахлил хам кардан наметавонанд. Ин вазоратхо наметавонанд корхонае ё чои коре ба мардум таъмин кунанд ва кишри чомиаро ки имруз бисертар бесаводи ташкил медихад бо фиребу найрангхои золимонаашон чунин икдомхоро пеш мегиранд ва аз мардум аксарияташон пайса чамъ мекунанд ва руз мегузаронанд. Кадом вазорат ба миллати точик дасти ёри дароз кард кадом фармону конунхое ки пешниход шуд барои сулху ободи ва хурсандии мо шахрвандони точик буд? Хар конуну фармоне ки баромад хадафи асосиаш тичорат ва горат кардани мардум буд. Мусалмонзодаи точик дар кишвари худаш хамеша дар тахти фишор аст Озодагон натарс чоп кун

Хоча
Яъне ки Хоча Хофиз ва Шайх Саъдиву дигарон аз ачдодони мо нестанд:))

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)