Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:13

Э.Раҳмон: Замини наздиҳавлигӣ танҳо барои бунёди манзил истифода шавад

4 октябр 2011, 04:51

Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармони вижа хариду фурӯш ва ҳама гуна ҳолати дигар, аз қабили тиҷорати замини наздиҳавлигиро манъ кард.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент дар амри мазкур омадааст:

1) Қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси қарорҳои ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон истифода карда шаванд.

2) Бастани аҳдҳо оид ба хариду фурўш, тўҳфа ва дигар аҳдҳои гражданӣ марбут ба ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини ба эҳтиёҷмандони пешбининамудаи банди якуми ҳамин фармон додашуда бе бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё хонаҳои истиқоматии нотамом ва ба қайди давлатӣ гирифтани аҳдҳои зикргардида манъ карда шавад.

3) Муқаррар карда шавад, ки дар ҳолати ошкор карда шудани ҳолатҳои бастани ҳама гуна аҳдҳои ғайриқонунӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигии ба шаҳрванд ҷудошуда, ҳуқуқи шаҳрванд оид ба истифодаи қитъаи замини мазкур тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

4) Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати се моҳ қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамомро (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд, таҳия ва тасдиқ намуда, якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи фармони мазкурро таъмин намояд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!