Бахшҳо

Дастури Убайдуллоев барои барчидани “либосҳои бегона” аз Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 20 апрел дар ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ дастур додааст, ки вуруди "сарулибоси барои фарҳанги мо бегона" ба пойтахт боздошта шавад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, зимни ҷаласа дар иртибот ба риояи расму оинҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои маънавӣ ва пешгирӣ аз таблиғоти фарҳанги бегонаи адёнӣ дар шаҳр, масъулини Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо оид ба шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати боздошти воридшавии молу маҳсулот ва сару либосҳои мавриди таваҷҷуҳ ва барчидани онҳо аз нуқтаҳои савдо тадбирҳои воқеӣ андешанд.

Ин дастур барои боздошти воридот ва барчидани "либосҳои барои фарҳанги тоҷикон бегона" аз нуқтаҳои савдои шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки қаблан маъмурини пулис низ ба мубориза алайҳи ҳиҷоб равона карда шуданд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо зикри таваҷҷуҳи рӯзафзуни бархе аз занони тоҷик ба либоси барои фарҳанги мо гӯиё бегона супориш дода буд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин раванд миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳию профилактикӣ гузаронда шавад.

Инчунин Убайдуллоев ба Раёсати умури дохилӣ, додситонӣ, Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияву Раёсати давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе дастур додааст, қарори охири худ дар мавриди манъи вуруди васоити нақлиёти мусофиркаши ғайришаҳрӣ ба пойтахтро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Убайдуллоев Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозию Кумитаи идораи замини шаҳрро вазифадор кардааст, ки барои таваққуфи воситаҳои нақлиёти ғайришаҳрии мусофиркашонӣ нуқтаҳои мушаххасаро дар чаҳоргӯшаи шаҳр муайян намоянд.

Дар ин ҷаласаи шаҳрдори Душанбе низ масоили кадрӣ баррасӣ шуда, ба хотири андешидани тадбирҳои кадрӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр ва ноҳияҳо дастур шудааст, ки раисони ноҳияҳо, сардорони раёсатҳои марбута барои ишғоли мансабҳои давлатӣ аз 5 то 7 номзадҳои ҷавону соҳибихтисос ва арзандаро дар давоми 10 рӯз пешниҳод кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири таҳкиму вусъати корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр ва шунидани арзу шикояти сокинони пойтахт тасмим гирифтааст, бевосита худ дар чорабинии “Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо” ҳамроҳи роҳбарони аввали сохторҳои шаҳрӣ иштирок кунад. Баргузории чорабинии “Рӯзҳои шаҳр дар ноҳияҳо” шуруъ аз 30 апрели соли равон оғоз шуда, ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе барпо мешавад ва ҳафтаи аввал дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор хоҳад шуд.
Мӯҳр
Ба либосхои аврупои чаро касе кор намегирад???

ш Душанбе
Бовар куненд , ин чигап худаш дар ин кризиси молиявию, иктисоди мо бояд корекунем, ки ба манфияти халк бошад ,,то равед ришора тарошен , то равен хичоба партоен , то равен сатрбандона намоненд....хоиш дорем хамин темарро дигар набардоренд....дар гуши фил сухан хайф хаст.. ин точики мора меган сала биёред кала мебиёранд...

хуррам
Либосхое, ки бо акси кахрамонони филмхои турки мебошанд дар навбати аввал бояд бар чинд.

либосхои бегонаро фарзандони худатон мансабдорону пулдорон мехаранду мепушанд, Мардуми камбагал дар тобистон ПАПЛИН ВА дар сармо аз вай гафстарашро меушан, Мани либоси бегона ки бошад ба либосхои мардонахам ахамият дихед ШОРТИК Ё МАЙКАХОИ КУШОДИ БЕ МАНИ Ё ШИМХОИ НИМ ДАРИДА НА МАРДАКИШОН МАЛУМ НА ЗАНАКИШОН, Шумо факат руймоли калони МОДАРУ ХОХАРХОМОНА АЗ САРАШОН НАГИОЕД КИ ИН КОРАТОН ХИЛОФИ КОНУНХОИ АЛЛОХ аст, илтимос чопкунед ОЗОДАГОН МЕБИНАМ КАСЕ ХАКРО МЕНАВИСАД ЧОП НАМЕКУНЕД КАСЕ НО ХАКРО МЕНАВИСАД ХАМОНО ЧОП МЕКУНЕД АЗ ВАЗИФА НАТАРС АЗ ОФАРИДГОР ТАРСЕД КИ ФАРДО ГУР МОРО ИНТИЗОР АСТ,,,,,,,,

точир аз корвон
Мухтарам раиса вахте ки бозори,, корвон "сухта несту нобуд шуд шумо омада халкро аз рон боздошта дар болои мошини зил баромада ба халк мурочиат карда худро гамхори халк гуфта ,,Ман махмасаид убайдулоев касе хак надорад гапи манро ду кунад то мудати 5-сол. Хама точироне ки молу мулк ва чои кориро аз даст додаанд аз хама намуди супоридани маблаги пули озод карда мешавад " Аммо дар холи хозир харруз коркунони андози нохия ба точироне, ки баъди сухтор аз тарафи хукумат ягон дасгири нашудаанд фишор меоранду мегуянд ки убайдулоевро гуед ба додатон расад. Дар холе ки бисерихо карздор буда хонаву мошинашонро фурухта аз хешу табор карздоранд .ин хато боиси Чудоии хешутабори шудааст.дар ин шарит ба чое шикоят кунем. Барои чи мухтарам раис баъди 4бор сухтани бозор ,кимилионхо зарар шудааст то хол касеро гунахкор накардаанду боз аз халки карздор андоз меситонанд.

Озоди
касе, ки тарафдори хичобу чодар аст у аз касалии "Инцест" азият мекашад. Одами соли нафсашро доимо нигох дошта метавонад

Muslim
Озоди,
Инсон пеш намедонист луч мегашт вакте бофахму боакл шуд худашро пушонид smile

Пас бояд тамоми либосхои воридоти манъ карда шавад чун барои мардуми мо бегонааст

Озоди
Muslim,
Агар Худо чодари сиёхро хатми мегардонд, Одаму Хаворо луч ба замин равон намекард. Ин чодару сиёх сирф моли бедуинхо хаст

Ҷон
Салом..

Иқдомҳо рӯз то рӯз зиёд Шуда истодаанд... Шумо бояд як чизро аз ёдатон набароред, ки барои беҳбуд кардан мо ба дигар корҳо машғул ҳастем. Ман пешниҳод мекунам, ки Юбкаҳоро ҳам аз дохили Тоҷикистон чинанд....

Мардум Фикри Шумо чист оиди ин масъала?

Ба фикрам момиҳоямон дар вақташ юбка намепушиданд? гапам дуруст аст ё ин ки хато мекунам?

Muslim
Озоди,

Худованд сатра фарз гардонид дигар чои бахс вучуд надорад .....

99
In mansabdoroni mo hama bechoragonand!
Az bechoragi hatto namedonand, ki vazifai asliashon chist!
Goh ba salla mechaspandu goh ba ezor!
Namedonand, ki sallaro be ezor boyad bast yo ezorro be tahpush boyad pushid!

Зоиров
Ман нисбати ин шахс то имруз андешаи хуб дар сар мепарваридам, агар вокеан ин суханхо аз у бошад, Худо хидояташ кунад,
ин миллати моро хуб мешавад, то 18 сола ба масчид наравад, хама хомуш, маъракаи риштарошон хама хомуш, имруз хичоб хама хомуш (аз шахсияти одди то шахси мансабдор"ман ба муфтиву домуллохо кор надорам"), инхоро хуб мешавад, то худ дигар нашаванд
Худо инхоро дигар нахохад кард!!!!!!!!
Ой мардум ин бадбахтиро ба кучо барем, аккалан як бор андеша намоед?

Комил
Озоди дурӯғ нагӯ Худо Одаму Ҳавворо луч нафиристодаст. Бедалел гап назан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)