Бахшҳо
21 апр 2015 13:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷамъбасти “манфӣ”-и кори Хадамоти гумрук: Нақша 75,9% иҷро шудааст

Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки роҳбарии он охири семоҳаи гузашта аз Рустами Эмомалӣ ба Абдуфаттоҳи Ғоиб вогузор шуд, дар се моҳи аввали соли равон аз уҳдаи иҷрои нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ набаромадааст.

Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, тибқи қонун дар бораи буҷа барои соли 2015, Хадамоти гумрук бояд дар семоҳаи аввали соли равон ба хазинаи давлат 950,0 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид мекард: “Аммо дар ин давра ҳамагӣ 720,7 миллион сомониро ба буҷа ворид намудааст, ки 75,9%-и нақшаро ташкил медиҳад”. Тайи семоҳа маъмурини гумрук натавонистаанд, қариб 230 миллион сомонии нақшаро ба буҷа ворид кунанд, ки ин нишондоди бесобиқа тайи солҳои охир аст.

Манбаъ афзуд, ки тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2015 ба маблағи 965,7 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 121,4 млн. доллар кам буда, 88,8%-ро ташкил додааст: “Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 751,8 млн. доллар ба воридот ва 213,9 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 воридот 146,1 млн. доллар коҳиш ёфта, 83,7%-ро ташкил додааст, содирот бошад ба маблағи 24,7 млн. доллар зиёд гардида 113,1% афзоиш ёфтааст”.

Ба иттилои Хадамоти гумрук дар семоҳаи аввал 1 ҳазору 379 ҳолати қонуншикании гумрукӣ ошкор карда шудааст, ки дар натиҷаи баррасии онҳо 1205 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 17 миллиону 462 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва 912 ҳазору 723 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.
Мӯҳр
ном
Очонсира расво кард навбати гумрук магар кадр нест дигар

хонанда
Хандаовар аст, вакте молу коло ворид нашавад чи тавр гумрук накшаро ичро кунад. Аслан дар гумрук чунин вожае мисли накша маъно надорад, зеро воридоти молу коло аз онхо вобастаги надорад.д.

ш Душанбе
о саткашон шам..як хел коргарони гумрук 15-16 сол стажи кори доранд дар ак вазифа ...бояд хамаи коркунони гумрукрро аз вазифаашон бар канор кардан даркор ...баст будагист кадри дигар.. кадрхои чавона монандан даркор аст..бовар куненд ин кадар дуздий.ки дар кормандони гумрук ..ва кумитаи андоз аст дар ягон сохтори давлати дида намешавад...ба ягон чи нигох накарда хамаашон тага доранд ....як сагераи камагал дар гумрук ва кумитаи андоз кор намекунад ва рохбарияти гумрук ва кумитаи андоз як бор ба кату кути инхел коргарояшон нига кунад баъд хулоса барорад....

арабшо
"семоҳаи аввал 1 ҳолати 379 ҳолати қонуншиканиҳои" - Озодагон вакте матн омоа мешавад аввал бояд тахрир кард. маънии чумлаатонро сарфахам мерен ё не.

99
35-40% daromadi buja boyad az gumruk boshad, chunki daromadi moli beruna nisbati baromad 85% ast!

АЖАИБ КУ О ГУМРУКУ ТАМОЖНЯ ХАМ ПАХТАКОРИ ХАСТАНД,МИ? ПЛАНИ ПАХТА МЕСУПОРАНД?Киззик ку жудо хам.

Хануз 2 сол пеш коршиносон пешбини карда буданд, ки кабули Кодекси нави андоз ва хеле болоравии сатхи андозбанди дурнамои хуб надорад ва ба муфлишавии корхолнахову ширкатхо ва кам шудани андоз оварда мерасонад. Ана акнун натичаи онро мо бо чашми сар дидла истодаем. Шумораи андозсупорандахо то рафт каму андозхо бошанд баланд шуда истодаанд.
Бояд сатхи андозбанди аккалан баробари Киргизистон фароварда шавад, ки сохибкорон ба Точикистон низ таваччух зохир кунанд.

андозхоро боз бардоред)))))))))

Гасик
Бародари азиз тахлили бисер дуруст рахмат ба Шумо кай ин кадрхоя тагош мерафта бошад Эй Худо инсоф те

гурези бойтор
Мебахшен ку як малумот медоден ки чанд чорвои шохдор ва гусфанд ба тч ворид шудааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)