Бахшҳо

ВИДЕО: Муҳиддин Кабириро куштаниянд ё метарсонанд?

Мусоҳибаи коршиноси рус дар умури Афғонистон Андрей Серенко бо пойгоҳи интернетии таҳлилию коршиносии “Политрус”, ки гуфтааст, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мехоҳанд ҷисман нобуд кунанд, тайи чанд рӯз аст дар сархати расонаҳои минтақа қарор дорад.

Ӯ ин суханҳоро бо такя ба як навор изҳор доштааст, ки ахиран ба интернет роҳ ёфт. Дар ин навори видеоие, ки Серенко ба он ишора кардааст, шахсе бо чеҳраи пӯшида бо номи Мавлавӣ Салмон бо либоси низомӣ, дар пушташ ливои марбут ба ҳаракати “Аносруллоҳ” (ин ҳаракат дар Тоҷикистон ҳаракати экстремистию террористӣ шинохта шудааст) ва дар пешаш силоҳ ба Муҳиддин Кабирӣ таҳдид менамояд, ки ӯ “ҷиҳод дар Ироқ ва Шомро хушунат хондааст, амалҳои муҷоҳидини Ироқу Шом, ҳамлаварон ба маҷаллаи фаронсавии “Шарли Эбдо” ва кори худи кормандони “Шарли Эбдоро” як донистааст” ва меафзояд, “ин ки имрӯз имом-хатибон аз минбарҳои масоҷид алайҳи шумо ҳарф мезананд ин аст, ки шумо дар ин маврид беинсофӣ кардаед ва аз ҷодаи Ислом мунҳариф шудед”. Ин мард дар идома мегӯяд: “Ҳамаи ин хориву зорӣ ва зиллати шумо ин аст, ки бо амри Худо мухолифат кардаед”. Ӯ дар хитоб ба Кабирӣ мегӯяд, “ба сӯйи Ислом боз гардед, аз сиёсатҳои куфрӣ даст кашед ва тавбаи насуҳ кунед”.

Вале бар хилофи гуфтаҳои Андрей Серенко дар ин навор ба Кабирӣ таҳдид куштан вуҷуд надорад.

ВИДЕО: Муҳиддин Кабириро куштаниянд ё метарсонанд?Худи Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор дорад, то ҳол ба таври расмӣ на суханони Серенко ва на навори Мавлавӣ Салмонро шарҳу тавзеҳ накардааст. Дар як сӯҳбати кӯтоҳ, Кабирӣ ба “Озодагон” гуфт, “ин хабарҳоро мутолиа мекунам таҳлилгарону дӯстон барои назари моро фаҳмидан зиёд муроҷиат мекунанд, вале ба хулосае омадам, ки то баргаштан ба Ватан аз изҳори назар худдорӣ намоям”.

Андрей Серенко марбут будани наворро ба гуруҳи “Ансоруллоҳ” зери шубҳа қарор дода, гуфтааст “навор кори дасти гуруҳҳои манфиатдор аст ва касоне, ки мехоҳанд Кабириро аз миён бардоранд. Бо вуҷуди чунин наворҳо мехоҳанд ин корашонро ба гардани “Ансоруллоҳ” ва “Давлати исломӣ” бор кунанд”. Дар ин маврид Серенко ба қатли Умаралӣ Қувватов, роҳбари “Гуруҳи 24” дар Истамбул ҳам ишора намудааст.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳанӯз дар баробари изҳороти Серенко дар мусоҳибааш ва инчунин ба воқеият ва ё сохта будани навори Мавлавӣ Салмон мавқеи худро мушаххас накардаанд.

ВИДЕО: Муҳиддин Кабириро куштаниянд ё метарсонанд?Парвиз Расулов, коршинос дар умури амниятӣ ҳам бар ин назар аст, ки ба мухолифин ва фаъолони сиёсие чун Муҳиддин Кабирӣ, Раҳматилло Зоиров, Алим Шерзамонов, Муҳаммадалӣ Ҳаит, Шокирҷон Ҳакимов хатар таҳдид мекунад. Мантиқи дар хатар қарор доштани чеҳраҳои сиёсиро Парвиз Расулов ин гуна шарҳ медиҳад: “Онҳо имрӯз барои як гуруҳ зоғи алоянд. Чанд бор Ҳайит ва дигаронро латту кӯб карданд. Мавриди таҳдидҳои телефониву расонаӣ қарор гирифтанд. Ҳамаи ин кор барои он аст, ки онҳо аз Тоҷикистон баромада бираванд, тарки Ватан кунанд. Онҳо бе ин ҳам дигар халал расонида наметавонистанд. Вале чун ҳастанд, гап мезананд, як оппозитсияи дарунӣ мебошанд”.

Парвиз Расулов ҳам ба воқеияти ин навор бо шубҳа нигариста, мегӯяд, “боварӣ дорам, ки ин навор сохта аст. Ман чун худ як одами ҳарбӣ мебошам ин гуна ҳодисаҳоро дунболагирӣ мекунам ва намехоҳам, ки дар Тоҷикистон на “Ансоруллоҳ” бошаду на “Толибон”-у на “Давлати исломӣ”. “Гап сари ин аст, ки гуруҳи “Ансоруллоҳ” сайти интернетӣ дорад. Ҳамин навори видеоӣ дар сайташон вуҷуд надорад. Дувум, ин ки охирин маводе, ки сайти онҳо нашр кардааст, моҳи марти соли 2014 мебошад. Як сол дар ин сайт ягон мавод нашр нашудааст. Аммо дар фейсбук ҳузур дошт. Як вақт гуфта буд, ки саҳфаашро шикастаанд. Соҳиби ин саҳифа Абдураҳмон ном дорад. Дар муддати се руз се видеоро нашр кард. Як навор дар мавриди ҳузури “Ансоруллоҳ” дар ҷанги Ироқу Шом, якеи дигар муроҷиати Мавлавӣ Салмон ба Кабирӣ ва яктои дигарашро ростӣ таваҷҷуҳ накардам, ки чист. Аммо маълум мешавад, ки ҳар сеи ин навор сохтаанд. Чун видеоҳое, ки пеш нашр менамуданд ба шеваи тоҷикӣ гап мезаданд, ба шеваи дарии афғонӣ не. Дар видеоҳои гузашта бо чеҳраи кушода суҳбат мекарданд, вале дар ин навор бо чеҳраи пӯшида. Агар Мавлавӣ Салмон дар Ироқ мебуд, чаро рӯяшро мепӯшонад? Аммо касе, ки дар ин навор суҳбат мекунад кӯшиш мекунад, мисли афғон суҳбат намояд”.

Ҳангоми баҳсу баррасиҳо баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин фикрро ҳам пешниҳод намудаанд, ки чун дар ин авохир фишорҳо ба болои чеҳраҳои ҲНИТ зиёд шуд ва чун бастани худи ҲНИТ пешниҳод гардид, шояд худи Кабирӣ ва нафарони наздик ба Кабирӣ ин наворро сохтаву вориди интернет карда бошанд. Аммо Парвиз Расулов мегӯяд, “ман чунин эҳтимолиятро намебинам. Зеро барои ин гуна наворҳоро сохтан аслиҳаву ин чизҳо зарур аст. То ҷое, ки ман медонам аз кофтукобҳои бешумори наҳзатиҳо то ҳол аслиҳа пайдо накардаанд. Ва ду тапончае, ки гӯиё пайдо шуд, ҳоло баҳсаш меравад, ки онҳо ба кадом вазорат тааллуқ доранд”.

Вале баҳсҳо атрофи мусоҳибаи Серенко ва навори Мавлавӣ Салмон дар шароите доғ шудаанд, ки ҲНИТ аз вуҷуди фишорҳои зиёд иттилоъ медиҳаду бастани ҲНИТ дар сатҳи Шӯрои уламо низ матраҳ гардид. Аммо пайдо шудани ин гуна видеоҳоро коршиносон ба маънии тарсондани неруҳои мухолифи ҳукумат медонанд ва бар ин назаранд, ки чунин наворҳо ба зарари ҷомеа мешаванд. “Агар бо нашри ин гуна наворҳо тарсонданӣ бошад, гапи дигар. Вале дар маҷмӯъ зарар доранд. Ин наворҳоро мешавад “коркарди идеологии аҳолӣ” номид”,- мегӯяд Парвиз Расулов.

ВИДЕО: Муҳиддин Кабириро куштаниянд ё метарсонанд?Андрей Серенко, ҳамчунин дар мавриди вазъи мухолифин дар Тоҷикистони муосир суҳбат карда, гуфтааст, ҳоло дар Тоҷикистон бар асари буҳрони иқтисодӣ дар Русия ва корҳои нокофии ҳукумат вазъ рӯ ба поин дорад, ки ба кор таъмин кардани шаҳрвандон ва таҷдиди иқтисоди икшвар аз мушкилоти умда ба ҳисоб мераванд.

Дар баробари ин ба гуфти ин коршиноси рус вазъи сиёсӣ дар кишвар ба ҳадди буҳронӣ расидан дорад: “Нишонаҳои “сиёсати шалоқи нав” ин тоза кардани порлумон аз мухолифин – ҳизбҳои воқеии мухолиф, маҳор кардани сиёсатмадорони мухолиф ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он, фишори афзоянда дар баробари Ҳизби наҳлзати исломӣ” мебошад.

Ҳамчунин ӯ афзда, барҳам додани ҲНИТ бар асоси вазъи мавҷуда дар Тоҷикистон имконпазир аст, зеро дар Тоҷикистон тамоми талошҳо барои он меравад, ки як ҷомеаи мутамаддини исломӣ шакл нагирад. Ба назари ин коршинос ҲНИТ як ҳизби мухолиф набуда, балки як ҳизби олтернотив аст. Серенко ҳамчунин гуфтааст, аз саҳна дур кардани неруҳои муътадили исломӣ дар ҳама гуна кишварҳои мусалмонӣ боиси фаъол шудани гуруҳҳои тундгаройи исломӣ гаштааст ва канор гузоштани ҲНИТ ҳам ҳамин гуна хатарро дар пай дорад.

Сириенко гуфтааст, чун қудратҳои ҷаҳон масруфи ҳалли мушкилоти худ ҳастанд, ҳоло барои Тоҷикистон фурсат аст, ки ҳамин гуна корҳоро анҷом бидиҳад. “Зеро Русия масруфи мушкили Укроин мебошад, ИМА ва Иттиҳоду Аврупо ба мушкилоти Укроин ва Русия ва “Давлати исломӣ” банданд,- таъкид намудааст Серенко.
Мӯҳр
ХОНАНДА
Ҷаноби Кабирӣ мо бо шумоем. Худо хоҳад ин ноҷавонмардон ба мақсади касифош намерасанд. Исломи мо муҳаббати мо дар қалбҳои мост

Афсари нафакахур
Ду бор тамошо кардам, хамчун мутахассис ба ташкилкунандагон бахои ду мемонам. Аз кабинети рангу боршуда, мизу курсихо, камуфуляжу "мавлавии" бериш, тарзи гуфтор маълум ки натавонистанд накши Ансоруллохро хуб бози кунанд. Холо хам меланганд бачахо.
Серенко эксперти Афгонистон мебошад, тамоми гуруххои мусаллахи минтакаро аз рафтору гапашон мешиносад, психологияашонро медонад. Хамчун мутахассис фахмидаст ин кори ки метавонад бошад. Дар умум, рафти корхо хуб нест, мо бояд сиесатро ва корро дар ин самт тагйир дихем, бо зуриву тарсондан кор натичаи акс метияд.

Достон
ДАР АСРИ 21 ЧУНИН НАВОР РО СОХТАН 2*2 АСТ.

Durbin
ansorulloh dar pushtash bayraqi DOISH tugri namegirad... soxta budanash malum ki!

Як чиз аник, ки афгон нест. wink

IN MAVLAVI BECHORA KHUDASH NAMEDONAD, KI ALON BAINI DOISH VA ANSORULLOH JANG RAFTAISTODAAST.
VA IN DU GURUH BAINI YAKDIGAR MUKOVIMAT DORAND.

Достон
Озодагон аз бовари мебароен . бо кайчи кунии каментарияхоро сар каден . мардак шен хамаша чоп кнен охи

Валичон
Дастакзанихои бемавриду бешумораш аз сохта будани навор дарак медихад. Баъдан аъзоёни Ансоруллох бо диалекти точики харф ва мавъиза мекунанд, на бо афгони. Мавлавии шарти аз ичрои накш набаромад. Бахоятон ду!

рустамбек
Саид Абдуллои Нури ва Химматзодаро захр дода куштанду ин Кабири чияй дар пеши душманони миллат...

хамин терористон хам фахмидан ки кабири барои ИСЛОМ не балки ба манфиати худ кор мекнад....

ИН 100% СОХТА АСТ- ИН АЗ ТАРСОНЧАКБУДАН ДАРАК МЕДИХАД

azez
salom
bo chunin korho mekhohand maqsadhoi shumi khudro ijro namoyand
millatro ba nobudi mebared vale naqsha soz Alloh ast! inro khub dar yod gired!

мухочир
худатро мучохид мегири барои чи ранги арус рута махкам мекуни чихели мусалмонгарист факад мусалмонхои худатонро угражат карда мегарден яктаи дигаршам дидем президенти чиченистонро тарсонда буд агар мучохиди рохи худо боши зиён бо мусалмонхо нарасонед

е бародар мо мусалмонхо худкуши карда истодаем факад бо сари мусалмони худ зул меорем кабири боша набошад гапро рос дар баини дигар давлатхо мезанад агар шумо кабул надошта бошед ягом кас шуморо вобаста накардас шумо ин рохро пеш гирифтед ин озодис наке танкит накунед ин як пасрави мафкураи акли инсон хаст мо мусалмонхоро истефода мебаран дар хама кор дунё наке мо бо ин якравиямон бо пасти расидем

Таҳлилгар
Аввалаш ин ки ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ набояд хатаре таҳдиди кунад, дуввумаш ин ки эҳтимолияти 80-90 фоиза вуҷуд дорад, ки ин кори худи наҳзатиҳо, яъне "чёрний пиари" худи онҳо барои Кабирӣ ҳаст, саввумаш ин ки Раҳматуллову Ҳалиму Маҳмадаливу Шокирҷонро дар қатори Кабирӣ мондан хандаовар аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)