Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 13:36

Сафири Олмон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки ислоҳотро тақвият бахшад

4 октябр 2011, 07:17

Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки ислоҳотро дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ идома диҳад.


Дар ин бора Дорис Ҳартрампф, сафири Олмон дар Душанбе зимни як нишасти вижа дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иброз дошт. Хонуми дипломат афзуд, бо вуҷуди рушди мунтазами иқтисодиёти Тоҷикистон, ки тибқи иттилои ХБА соли ҷорӣ на камтар аз 6%-ро ташкил медиҳад, барои ҳукумати Тоҷикистон зарур аст, ислоҳотро афзоиш диҳад, то таваҷҷӯҳи сармоягузорон ба иқтисодиёти кишвар бештар гардад.

Ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш рушди муносибати ҷонибҳо ва машварат оид ба ҳамкориҳои молиявию техникӣ миёни Тоҷикистону Олмон, арзёбӣ гардид. Дорис Ҳартрампф мегӯяд, Олмон бо сохтани пулҳо дар навоҳии наздисарҳадӣ бо Афғонистон ва тавассути барномаҳои гуногунаш дар рушди муносибатҳо миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд: «Рушди ҳамкориҳои тиҷоратии наздисарҳадии ин кишварҳо, аз ҷумла сохтмони роҳу кӯпрукҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Олмон дар минтақа мебошад». Коршиносон изҳор медоранд, ки дар ин нишаст масоили марбут ба электроэнергетика, аз ҷумла иваз кардани таҷҳизоти тақсимкунанадаи барқи 220/500 кВ дар НБО-и Норак ва сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ дар ноҳияи Мурғоб мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гиранд.

Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Олмон аз моҳи декабри соли 1992 оғоз гардида, то соли 2009-ум табодули молу колои дуҷониба 25,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Олмону Тоҷикистон энергетика, маориф, тандурустӣ, саноат ва туризм маҳсуб мегарданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!