Бахшҳо
24 апр 2015 09:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳои баланди Э.Раҳмон барои бунёди корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар Данғара

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 24 апрел аз деҳаи Ҳусейншайхи ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара боздид намуда, дар ин маҳалла ба сохтмони корхонаи масолеҳи сохтмонии “Дарё-2015” оғоз бахшидааст.

Тибқи иттилои дафтраи матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин корхона дорои коргоҳҳои зиёд барои истеҳсоли қуми шуста, шағал, масолеҳи бетонӣ, дару тирезаҳои пластикӣ, болопӯшҳои тунукагии бомҳо, сафолҳои роҳрав, симтур, ҷамъ 12 намуд масолеҳи сохтмонӣ мебошад. Манбаъ мегӯяд, коргоҳи қуми шуста ва шағали корхона, ки бо технологияи навтарини соҳа бунёд меёбад, дар минтақа нахустин буда, тибқи лоиҳа дар як соат то 240 тонна қуми шустаю шағал тавлид хоҳад кард. Тибқи нақша дар назар аст, корхонаи мазкур моҳи июли соли равон ба кор дарояд: “Дар давраи сохтмони ин коргоҳҳо 100 нафар бо кори муваққатӣ ва пас аз ба кор даромаданаш 240 кас бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Танҳо дар коргоҳи дӯзандагӣ 55 нафар занону духтарони маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ мешаванд”.

Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон баҳои баланд дод, зеро то ин вақт дар Данғара чунин корхона вуҷуд надошт ва ин гуна масолеҳи сохтмон аз роҳҳои дур кашонда мешуд. Раисиҷумҳури кишвар изҳори боварӣ кардааст, ки ба кор даромадани ин корхона ва наздик шудани масофаи манбаи масолеҳ арзиши аслии корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа камтар мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди корхона, ки дар майдони қариб 30 гектар ба як маҷмааи калони саноатию кишоварзӣ табдил хоҳад ёфт, ҳамчунин коргоҳҳои дӯзандагӣ, равғанкашӣ, боғҳои дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ ва ҳам ҳавзи моҳипарварӣ бунёд хоҳад ёфт.

Сафари кории раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба ҷануби кишвар рӯзи гузашта аз ноҳияи Темурмалик оғоз ёфт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)