Бахшҳо

Мақомоти тоҷик: Амалиёт алайҳи Нагебини кушташуда бо дархости Русия буд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, амалиёти боздошти Нагебин Семён Михайлович соли таваллудаш 1987, зодаи ҷумҳурии Қирғизистон ва истиқоматкунандаи шаҳри Челябинск, ки шоми 23-юми апрел аз тири маъмурини пулиси тоҷик дар ноҳияи Панҷ кушта шуд, бо дархости Федератсияи Русия сурат гирифтааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод Нагебин барои ғоратгарӣ дар Русия соли 2013 ба зиндон маҳкум шуда, баъди раҳоияш зери назорат қарор дошт: “Аммо ноябри соли 2014 аз Русия фирор кардааст ва мақомоти Русия аз Тоҷикистон дархост кардаанд, ки ӯро боздошт ва ба Русия истирдод кунад. Зимни амалиёти боздошт 15-уми апрел Нагебин талоши фирор кардааст ва маъмурини пулис ба пои ӯ тир холӣ кардаанд. Ӯ барои табобат дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ шуд, аммо як ҳафта пас силоҳи милисаҳои посбонашро гирифта, фирор кардааст”.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, тақрибан соати 16:50 дақиқаи рӯзи 23-юми апрел Нагебин бо тахаллуси “Салим” ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, “аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷ парронида, нобуд карда шуд”.

Мақомоти тоҷик афзуданд, ки Нагебин ният доштааст, тариқи қаламрави ноҳияи Панҷ ғайриқонунӣ марзро убур карда, ба Афғонистон фирор кунад, аммо маъмурини пулис монеи ин кораш шудаанд.
Мӯҳр
Mufatish
... Ӯ барои табобат дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ бистарӣ шуд, аммо як ҳафта пас силоҳи милисаҳои посбонашро гирифта, фирор кардааст”.

I gapa ay cho yoften??????

Саид
Ин милисахо хоб буданд, ки писталеташонро дуздидааст? Хай маълумас милисахои мо риштароширо хуб метонанд, сатр гириро аз ухдааш мебароянд ва ба сари мардуми камбагала додзадаву дела кардан аз дасташон меояд ба мисли нозирони рох яъне гаи! Лекин чинояткор тапончашона мегиранд дарак намеёбанд! Хандаовар ин гапро нагуед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)