Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯз, 24 апрел дар ноҳияи Данғара аз қисми ҳарбии танкии Вазорати мудофиа дидан карда, бо ҳолати омодагии доимии ҷангии ҳайати шахсии он бевосита шинос шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи махсус, ки барои истиқомати муваққатии сарбозони оиладор бо зану фарзандонашон пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир кард, зеро чунин манзилҳо бо супориши раисиҷумҳур ҳоло дар тамоми қисмҳои низомӣ бунёд меёбанд: “Сарбози оиладор метавонад завҷаашро даъват карда, муддати муайян дар ҳамин ҷо ҳамроҳ зиндагӣ кунад”.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дастур додааст, ки сарбозони оиладорро ҳар се-чор моҳ ба муддати 10 рӯз рухсатӣ диҳанд: “Хобгоҳҳои сарбозон дорои шароити хуби будубош буда, дар ошхона ҳам ҳама чиз барои омода кардани хӯрокҳои серғизо ва риояи талаботи санитарӣ пешбинӣ шудааст”.

Раисиҷумҳур зимни суханронӣ дар назди ҳайати шахсӣ таъкид намудааст, ки вазъи ноустувори ҳарбию сиёсӣ дар кишварҳои зиёди мусулмонӣ, аз ҷумла дар Афғонистони ҳамсоя ва фаъол гардидани нерӯҳои гуногуни террористию ифротгаро аз тамоми воҳидҳои низомӣ, дигар сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот омодагии қавии доимӣ, ҳушёрию зиракӣ ва тақвияти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистонро тақозо мекунад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур мегӯяд, зимни боздид аён гардид, ки қисми ҳарбии танкии мазкур дорои шумораи зиёди танку дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ буда, ҳамаи он дар ҳолати хуби омодагӣ қарор доранд.


Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: Сарбозҳои зандорро 10 рӯзӣ ҷавоб диҳед (АКС)
Мӯҳр
Хуррам
Офарин Ч,аноби Оли.
Х,ама сар ба сар тан ба куштан дих,ем,
Аз он бех, , ки кишвар ба душман дих,ем.

Он на ман бошам, ки рузи чанг бири пушти ман,
Он манам к-андар миёни хоку хун бини саре!

Дехконбача
Бехтарин кор ЧО. Бар мардуми бе нанг Ватан хайф аст, Бар мардуми бе ирода сухан хайф аст. Саромату сарбаланд бошед ЧО.

Бузург
Х.ак. ба ч.ониби журналисти оташинсухани ТОЧ,ИК Сайёфи Мизроб аст. ки гуфт ва мегуяд.
Мо барои ин Ватан на танх.о ч,он месупорем. балки ч.он меситонем!!!!!!!!

Гаргара
Рафхои китоб холи, ягон уток ва ё хонаи китобхони нест. як китобхона надоранд уно?

ОФАРИН! ЧАНОБИ ОЛИ! Икдомхои Шумо вакт ба нафъи мардум аст!
Инаш бисёр ба хайр аст, ки бечора сарбозонро ба командирашон аз пора додан озод намудаед. Дар таги дуои модарон мондед, ки он сарбоз ба хона омад, модар курта - курта гушт мегирад. Онхо то хастанд, ин икдомро фаромуш намекунанд. Ба сари мардуми Точикистон зинда бошед!!!

Неки ай хандара куштен бачахо хама сар ба сар....
амирмузаффар хангоми ки наздик шудани кушуни русияро фахмид ба чанг омода шуду кушбегира тахкид кард ки бо ватке ки ба фетирбург расидем хушер шавен аскаро хазинаи окподшора горат накнан. асирои уруса чабр накнан,
....ба хамин ду танкаи кухнаи урус

танкахо ай зарби краскаро Т 120 шидагиян

Сурайё Хочибоева,
ха бхрмша сурайочон, бафахм

тамаллуккоро бе чаноби оли гав занен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)