Бахшҳо
24 апр 2015 17:05Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳукми ҳабси абади марде, ки зану фарзандонашро бо табар куштааст

Додгоҳи вилояти Суғд як сокини 38-солаи ноҳияи Конибодомро, ки дар куштори ҳамсару фарзандонаш муттаҳам мешуд, барои як умр пушти панҷара фиристодааст.

Тавре аз додгоҳи мазкур ба “Озодагон” иттилоъ доданд, додраси парванда Баҳром Юлдошевро дар куштори ващшиёнаи се узви хонаводааш муҷрим шинохта, ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Гуфта мешавад, Юлдошев рӯзи 30 январи соли равон дар пайи як муноқишаи оилавӣ завҷааш -- Дилором Эргашеваи 39-сола ва фарзандонаш -- Нурмуҳаммади 12-солаву Зарринаи 7-соларо бо табар ба қатл расонидааст.

Мақомоти пулиси вилояти Суғд дар гузашта гуфта буданд, ҳодиса дар манзили истиқоматии ин хонавода дар ҷамоати деҳоти Патари ноҳияи Конибодом рух дода, ҳамаи фавтидаҳо аз қисми сарашон зарбаи маргбор хӯрдаанд: “Зимни тафтишот муайян карда шуд, ки падари хонавода бо истифода аз табар ба сари ҳамсар ва фарзандони худ зарба зада, онҳоро ба ҳалокат расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.

Мақомот иттилоъ дода буданд, ки муноқишаи фоҷиабор барои маблағи пулӣ баҳри харидани туҳфа дар рӯзи мавлуди бародари Дилором Эргашева ва хусурбачаи сарвари оила сар задааст.

Дар мавриди шахсияти муттаҳам - Баҳром Юлдошев, мақомот изҳор медоранд, ӯ дар гузашта низ барои дуздӣ маҳкум шудааст ва чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия баргаштааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)