Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

Сӯҳробшоҳи Фаррухшо: «Облава» дар Кӯлоб тақрибан аз байн рафтааст

4 октябр 2011, 11:31

50 нафар аз ҷавонони шаҳру ноҳияи Кӯлоб барои адои қарзи фарзандӣ дар назди Ватан    рӯзи 3-юми октябр бо даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд.


Дар саҳни ҳавлии комиссариат ба ин муносибат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки раиси шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, фаъолон ва волидайни даъватшавандагон доир гардид.   Ҳамид Абдуллоев, мири шаҳри Кӯлоб дар назди ҳозирин суханронӣ карда, эшонро барои хизмати содиқона ба Ватан даъват кард. Қайд гардид, ки 20 нафар аз даъватшудагон ихтиёрӣ ариза навишта, ба комиссариат ҳозир шудаанд.  
Дар ҳамин ҳол, Сӯҳробшоҳи Фаррухшо, масъули бахши иттилоотии раиси шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, ихтиёрони хизмати сарбозӣ аз Кӯлоб ҳамасола зиёд мешаванд. Дигар ба таври  ба истилоҳ «облава» ҷамъоварии ҷавонон барои хизмати аскарӣ тақрибан аз байн рафтааст. Дар маросими гусел, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ барои наваскарон сару либоси якхела ва тӯҳфаҳо тақдим намуданд.Тибқи иттилои аз ноҳияи Фархор расида, рӯзи 3-юми октябр дар он ҷо низ 50 нафар аз ҷавонони   ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд, ки қисмати зиёди онҳоро ихтиёриён ташкил додааст.
{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!