Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:00

Хунукӣ ва сардӣ ба маорифи Кӯлоб таҳдид намекунад

5 октябр 2011, 03:01

Омодагӣ барои зимистонгузаронӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб идома дорад.


Тибқи иттилои ҳукумати ноҳияи Темурмалик , бо мақсади таъмини мӯътадили ҷараёни таълим дар фасли сармо шӯъбаи маорифи ноҳия чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Дар ҳоли ҳозир, дар анборҳои шӯъба 380-тонна ангишт, 453 метри кубӣ ҳезум, 40-тонна мазут захира гардида, давоми фасли зимистон ба мактабҳо тақсим мешавад.

Ҳамзамон,15-мактаб бо хати барқи доимӣ таъмин гаштааст, ки дар хунукиҳо метавонанд бевосита аз гармидиҳандаҳои барқӣ истифода баранд. Дар шаҳри Кӯлоб ҳам барои ин маърака аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 138.951сомонӣ барои 60 мактаб ҷудо гардидааст. Давлат Амиров, мудири шӯъбаи маорифи шаҳр мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 тонна ангишт аз захираҳои соли гузашта дар анбор мавҷуд аст, ки дар сурати даркорӣ ба мактабу боғчаҳо тақсим карда мешавад. Ҳамчунин, 1200 метри кубӣ ҳезум захира шуда, кулли макотибу боғчаҳо шишабандӣ гаштаанд. Амиров мегӯяд, маблағи заруриро барои ҳар мактаб алоҳида ҷудо бояд намуд, то роҳбарият барои баромадан аз мушкилӣ аз харидории кадом маводи сӯхт тавонад, бемалол истифода барад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!