Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 21:05

«Бадахшонӣ»-ҳо дар Бадахшон бо забони дарӣ таълим мегиранд

17 май 2011, 07:51

Барои нахустин бор аст, ки мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор ( ММКД)–ро гурӯҳи шаҳрвандони Афғонистон хатм мекунанд.

Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) таҳсили панҷоҳу ҳашт донишҷӯро дар Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор тибқи Барномаи маълумоти касбӣ-техникӣ дар Бадахшон  маблағгузорӣ намуд, ки ин иқдоми муштараки USAID ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ мебошад.

 

Тавре ба «Озодагон» аз сафорати Амрико иттилоъ доданд, дар доираи ин барнома шаст нафар донишҷӯ аз вилояти Бадахшони Афғонистон соҳиби бурсия барои омӯзиши забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ, муҳосибӣ/хазинадорӣ дар ММКД-и Хоруғ гардиданд. Таълим ба забони дарӣ сурат гирифта тамоми барнома ва маводҳои таълимӣ низ бо ин забон омода гардиданд.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ сафири ИМА Кен Гросс, консули Афғонистон дар шаҳри Хоруғ Абдулҳаким Ҳайдарӣ, муовини аввали райиси ВМКБ  Орифшо Исмоилов, Намояндаи доимии Созмони Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Мунир Мералӣ,  сафири Фаронса Анри Зиппер де Фабиани ва сафири Русия Юрий Попов ширкат варзиданд.

Мавриди тазаккур аст, ки барномаи фаромарзии маълумоти касбӣ-техникӣ яке аз лоиҳаҳои сершумори ёрирасони Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) мебошад.  Аз соли 1992 инҷониб сафорати ИМА дар Душанбе беш аз 900 миллион долларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон ироа кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!