Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:29

Анвар Юнусов ба даври навбатӣ роҳхат гирифт

5 октябр 2011, 06:09

Аз 22-юми сентябр то 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Бокуи пойтахти Озарбойҷон чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ҷараён дорад.


Муродалӣ Тешав, сухангӯи дафтари матбуоти кумитаи миллии олимпӣ, ба хабаргузории «Озодагон» гуфт,  дар ин чорабинии варзишӣ муштзанони курраи олам, ки синну солашон аз 17 то 34 мебошанд, барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ ва муҳим аз ҳама баҳри роҳхат ба бозиҳои олимпӣ талош меварзанд. Варзишгарони тоҷик аз рӯи 10 вазне, ки муқарар шудааст ба ғайр аз вазнҳои 46 ва 64 кило дар дигар вазнҳо қувваозмоӣ мекунанд. Дирӯз се варзишгари тоҷик -Анвар Юнусов дар вазни 56 кило, Мадади Нағзибек, дар вазни 60 кило ва Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 91 кило барои роҳхати олимпӣ рақобат намуданд. Анвар Юнусов бо Бойд Люк, варзишгари Австралия рақобат намуда, бо натиҷаи 17 бар 7  дастболо гардид ва роҳхати олимпиро бадаст овард. Ҷаҳон Қурбонов ва Мадади Нағзибек аз дасти рақибони хеш шикаст хурданд. Ба иттиллои манбаъ, муштзанони тоҷик - Сафовуддин Юсуфӣ дар вазни 52 кило , Мадади Нағзибек дар вазни 60 кило , Комилҷон Холлов дар вазни 69 кило, Собирҷон Назаров дар вазни 75 кило, Диловаршо Абдураҳмонов дар вазни 81 кило,Ҷаҳон Қурбонов дар вазни 92 кило ва дар вазни аз 92 кило боло Фаррух Калонов аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум гардиданд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!