Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Худкушии сокинон аз паст будани вазъи оилавӣ

5 октябр 2011, 06:46

Чан тан аз сокинони  шаҳри Хӯҷанд ва ноҳияи Данғара аз сабаби паст будани вазъи оилавӣ даст ба худкушӣ заданд.


Азам Шарипови 21 сола, сокини шаҳри Хӯҷанди вилояти Суғд, ки дар ягон ҷо кор намекард, ду рӯз қабл дар ҳавлии истиқоматияш, бинобар сабаби паст будани вазъи оилавияш худро  тариқи ба дор овехтан ба ҳалокат мерасонад.  Худи ҳамон рӯз, ҳодисаи нохушӣ ба ин монананд дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рух медиҳад. Чамангул Ашӯроваи  29 сола, истиқоматкунандаи  деҳаи Дурахшони ноҳияи Данғара низ аз сабаби вазнин будани сатҳи оилавӣ дар ҳавлии истиқоматиаш ба сару либосаш моеъи сӯзишвории бензинро пошида худро оташ задааст, ки дар натиҷа 90%-и баданаш сӯхта, дар беморхонаи ноҳия ба ҳалокат расидааст.  Чамангул Ашӯрова низ дар ҳеҷ куҷое кор намекардааст.  Дар ин бора аз маркази матбуотии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд.{jathumbnail off}

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!