Бахшҳо

Профессор Баҳриддин Камолиддинов дар фурудгоҳи Душанбе

Бахшида ба рӯзи забони давлатӣ, ки 5-уми октябр дар сартосари кишвар ҷашн гирифта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, профессор Баҳриддин Камолиддинов, забоншиноси маъруф бо намояндагони фурудгоҳи мазкур мулоқот анҷом дод.


Аз маркази матбуотии ин фурудгоҳ ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, ки Баҳриддин Камолидинов, зимни мулоқоташ оид ба сабабҳои қабул шудани қонун дар бораи забони давлатӣ, раванди амалӣ шудани он ва натиҷаҳои бадастомада маълумот додааст. Номбурда қайд намудааст, ки забон бақои миллат аст ва ниёз ба ғамхорӣ, ғанигардонӣ,  сайқалдиҳӣ ва риояи меъёрҳои истифодабарӣ дорад. Сарчашмаи манбаъ, хабар дод, ки профессор Камолиддинов дар ин ҳамоиш иброз доштааст, ки халқият ва қавму қабилаҳои зиёде дар таърихи мавҷудияти худ аз забони хеш маҳрум гаштаанд ва чунин хатар ба сари забони тоҷикӣ низ борҳо омадааст: « Бо омадани арабҳо ва қавму қабилаҳои зиёди бодиянишин ва кӯчӣ, хосатан муғулҳо ба забони тоҷикӣ зарбаҳои сахт расидааст. Ҳатто замони ҳокимияти шӯравӣ, ки барои миллати тоҷик давраи хуби инкишофи маданияту санъат ва пешрафти илмӣ ҳисоб мешавад, забони тоҷикӣ зарбаҳои ноаён хӯрдааст. Бо фарорасии айёми бозсозӣ миллати бедори тоҷик тавонист аз забони худ ҳимоят намояд ва сари вақт қонун «Дар бораи забон»-ро  қабул намуд» Профессор Баҳриддин Кмаолиддинов дар сӯҳбат бо кормандони фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оид ба хизматҳои шоёни бузургони миллати тоҷик -Саидризо Ализода, Бобоҷон Ғафуров, Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ мисолҳои зиёде оварда таъкид намуд, ки барои ҷовидонӣ нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳар як фарди тоҷик бояд кӯшиш намояд, зеро забон бақои миллат аст.{jathumbnail off}

Мӯҳр
КАМОЛ
Ин Бахриддин камолиддинов ин кадар фаъол шудааст. дар замони хондани мо дар назди устодон АБдунаби Сатторов, Хомид Мачидов ,Рахим Мусалмонкул, Ш Хусейнзода , Д. Точиев Мукарамма Косимова инкас хеч эътиборе надошт. Таълими услубу забонашон ба мо тарчумонхо дар Афгонистон кор надод. зеро шеваи омехтаи узбакияш дар он чо боиси ханда маешуд. Холо пайгамбари забон шудаааанд.. воачабо таърих дия....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)