Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:23

Беш аз 4 ҳазор сомонии соҳибкори панҷакентиро дуздиданд

5 октябр 2011, 08:12

Хонаи соҳибкори шаҳри  Панҷакенти вилояти Суғд мавриди ғоратгарии дуздон қарор гирифт.


Тавре аз вазорати корҳои дохила ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, шахсони номаълум  тариқи шикастани шишаи тиреза вориди хонаи истиқоматии соҳибкор Алишоева шуда, 3735 сомонӣ ва 100 доллари ИМА-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ ҷустуҷӯи роҷеъ ба ин ҳодиса, ноболиғон  Нарзулло Исмоилови 16 сола, сокини  кӯчаи  Мирзо Турсунзода, ва Камолиддин Рустамови 15 сола, сокини кӯчаи  Лоиқ Шералӣ,  хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии №30, дастгир карда шуданд. Нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад, афзуд манбаъ.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!