Бахшҳо

Қаноат дар бораи хушомадзанӣ, бадномкунандаҳои Ислом ва покии Зардуштия

Муъмин Қаноат, шоири маъруф ва раиси пешини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз раванди ба зардуштӣ маҳкум кардани афроде, ки аз покии Зардуштия суҳбат мекунанд, интиқод намуда, афзуд, бархе уламои дур аз ҳақиқати Қуръон дар ҷаҳони муосир монеи ба ғояи пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтани Ислом шудаанд.

Муъмин Қаноат дар ин маҳфил таҳаммулпазирӣ ва гуфтугӯи фарҳангҳоро зарур хонда афзуд, бояд ба нерӯ ва фарҳанги гузаштаи худ такя кунем, ки озмунҳои гуногуни таърихро гузаштаасту то имрӯз барҷой аст: “Ҳамон роҳи таҳаммулпазирию ҳақиқатпарастию покию оини ростии Зардуштия. Ҳоло ҳар гоҳ аз Зардушия сухан мекунанд гумон мекунанд ба дини зардуштӣ гаравидааст. Вуҷуд надорад дини зардуштӣ. Ин мерос, фарҳанг ва таърихи мо аст, ки онро бояд истифода кунему ҳифз кунем. Ин дин дигар аслан вуҷуд надорад, ба ҷуз як гуруҳи маҳдуд дар Бомбай, ки ба доираи худ касеро роҳ намедиҳанд”.

Ин шоири маъруф таъкид намуд, дин метавонад нақши ғоя ё идеяи пешбарандаи миллатро бозӣ кунад: “Аммо баъзе уламои ифротию тафриқаандоз, ки аз доираи ҳақиқати Қуръон, маърифати Қуръон берун ҳастанд, бо ҳаракатҳои ба ном исломияшон динро бадном карданд. Дин метавонад ғояи пешбаранда бошад, барои ин уламои олим заруранд. Бояд ифроту тафритро аз ҷаҳонбинии Ислом аз байн бурд. Низоъҳои динӣ, ту шиаю ту суннию ту фалону ту фалонро бояд аз байн бурд”.

Собиқ раиси Иттифоқи нависандагон бори дигар зарурати ваҳдату таҳаммулпазиро таъкид намуда, илова кард, бо роҳи ҷанг то ҳол ягон масъала дар ҷаҳон ҳал нашудааст. Ӯ Афғонистони ҷангзадароро мисол овард, ки ба майдони озмоиши силоҳҳои гуногун аз ҷониби абарқудратҳо табдил ёфтааст: “Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки бояд андеша кунем, ки дӯсти мо кисту душмани мо кист? Оё дӯст дорем мо? Агар надошта бошем, худамон дӯст шавем бо ҳам. Илоҷи дигар нест. Нерӯҳоро ба ҳам муттаҳид кунем, ваҳдати дохилӣ эҷод кунем, ки зери назорати кулли нерӯҳо, ҳизбҳо зиёиҳои озодандеш бошад”.

Муъмин Қаноат инчунин аз азми мақомоти Тоҷикистон барои бунёди рамзи “Ваҳдати миллӣ” дар шаҳри Душанбе истиқбол карда, аз тарҳе, ки дар он президент дар ошёнаи якум бо телефон суҳбат мекунад, интиқод намуд: “Ман рӯирост ба таҳиягарони ин лоиҳа гуфтам, ки хушомадзанӣ акнун то ин дараҷа нашудагист”.

Ӯ афзуд, дар лоиҳаи рамзи “Ваҳдати миллӣ” аз ҷониби ӯ ва гуруҳи зиёиёни дигари тоҷик пешниҳод шудааст, қисмати тасвирии гардон низ ҷой дорад, ки дар он аксҳо аз гузашта ва инчунин аксҳои ҳамаи дастандаркорони истиқрори сулҳ дар гардиш хоҳанд буд.
Мӯҳр
Устоди азиз, таманнои онро дорам , ки доим тансихату обод ва хушу хурсанд бошед. Мо мефахрем, ки Шуморо дорем. Шумо шамъи махфилхо ва сутуни илм дар сохаи адабиёт хастед...

точик
Беш аз1300сол миллати мо пайрави дини мубини ислом астанд,устод Каноат!Чи лозим едовари аз зардуштия?О замоне,км зардуштия роич буд буддоия низ
дар ин марза бум роич буд!...Хуб аст агар хар кас аз кори худ сухбат кунад.О Шумо дар бораи тамаддунхои муосир гуфтугу кунед,гуфтугуи шумоён бояд аз гуфтугуи муйсафедони чойхона каме фарк кунед...Охир ин кеши ниегон масъалаи мантикии руз нест.Агар танхо барои рохгум ва бадгумон кардани мардум нисбати динаш набошад!

Мусулмон
Ин дин дигар аслан вуҷуд надорад, ба ҷуз як гуруҳи маҳдуд дар Бомбай, ки ба доираи худ касеро роҳ намедиҳанд”.

Ин устод Каноат дар мавзу хеле беиттилоъ будааст зартуштия дар тамоми чахон хаст дар хамин точикистон хам Урупо хам Эрон ки пур- пур аст харчанд пайрави ин кеш нестам аммо хамчун як инсон пайравони онро ва дигар адёнро эхтиром мекунам. Аммо аз бепоягиву бемоягихои сухбатхои устод Каноат хеле ба сутух меоям гах -гохе

ОФАРИН УСТОДИ ГИРОМИ. АЗ ХУДОВАНД ДУОГУИ ОНАМ КИ ХУДОВАНД БА ШУМО ПЕШ АЗ ХАМА СИХАТУ САЛОМАТИ УМРИ ДАРОЗИ БОБАРАКАТ АТО НАМОЯД.
ИЛОХО СОЛИЁНИ СОЛ СОЯБОНИ ИН МИЛЛАТ БОШЕД.

Насим аз Россия
Валлохи ба фарханги Зардушти ифтихор айб асту дури аз илми таъриху дури аз диёнатманди.Куръону ислом бехтарин фархангу маданиятеро дорост ки кули донишмандони олам то кофар низ назди азамтии он коил гаштаанд.Пас мусалмон бояд ба фарханги Куръон ифтихор накунаду ба фарханги зардуште ки обову ачдоди у дар ин оии ботил буданд фахр кунанд??Зардушт агар оини поку фарханги воло медошт харгиз дар ин оин ака ба хохар,фарзанд ба модар издивоч намекард Шохномаи Фирдавсиро варак занед достони Бахроми гурро хонед як бор!.мояи нангу ор аст ки ачдоди мо дар ин оини ботилу паст аз хайвон буд.Субхоналлох магар оини пок чунин аст??Магар фарханги пок хамин аст ки бояд аз у хифз кунем??Биёед як поки оини Зардуштро гуед то ман коил шавам ба фарханги болои у!!!
Умар р.з вакте аз китоби Таврот вараке наздаш буд ва пеши паёмбар с хонд он чаноб с бисёр гамгину норохат шуд,асхоб гуфтанд эй Умар р Худо туро халок кунад паёмбарро ба чи хол оварди?
паёмбар с гуфт:Касам ба зоте,ки чони Мухаммад с дар дасти уст агар Мусо а зинда мебуд харгиз чуз Куръон китобе намехонд.
Оё барои шумо Куръон кифоят намекунад ва рози аз дини хеш нестед?Худо исломро бехтарин дин хонд дар Куръон магар куфрони ин неъмат карда ба оини бобоии хеш ки чуз куфр чизе набуд баргардем?донишчу,

кулябец
Суханро сухандон гуяд!! Ахсан устод, зинда бошед!!

Ин шойр хамхудо медонад Зардушти аст, он дин хеч хакикате надош. бад аз гусл дар зардуштият бояд кеме пешоби говро хам дар об хамрох мекарданд, ки аз гусл пок шаванд. Аку Як шойраш Душмани Ислом хаст Бозор Собир бо як шеъраш шапкай Ленинро аз тамоми Олами ислом ва Аллохро хам боло донист казрамонаш карданд дар Ватан, инаш бошад хам бо зардушт кахрамон мекунад

Мирзо Абдулқодири Бедил мефармояд:

Қобили шоистагӣ чизе беҳ аз таслим нест,
Саҷда гар худ саҳв ҳам бошад, ибодат мешавад.

Ба назарам, ҳамин бас аст, то мо бифаҳмем ва бидонем, ки дин кадом аст. Охир, магар гуфтаҳои Худованд дар Қурон кофӣ нест? Ба Худо қасам, агар гуфтаҳои Худованд дар Қурон риоя шаванд, ба ҳеҷ гуна қонун ва қоида дар саросари ҷаҳон зарурат нест. Аммо, афсусу сад ҳайф, ки ин тавр нест ва намешавад. Нафси бад ва шикам намегузоранд, ки сар як каме фикр кунад.

Худо нигаҳдор!

Фороби
Хамаи динхоро одамон бофта баровардаанд. Замони динхо мисле ки мегузарад. Хуручи бемисли ифротгароии исломи низ аз таназзули тахтонии дингарои гувохи медихад. Дар а. 21 танхо дониш, хирад ва фановари метавонанд чомеаро пеш баранд.

насим аз душанбе
Ба насими Маскав ва дигарон!
Хамхобашави бо наздикон ва бачабозиии кавми моро магар дар садхо мисолхо намебинед, ки Зардуштияро мазаммат мекнен. Агар чуби давлат набошад дар ин масъалахо аз бадахлокиии даври зардуштия мегузаронидем. Таъриху фалсафаро нахонда сафсата нанависен

точик
Насим аз Россия,
Э не ки вохима карди-да!!! Кадом бехтарин фархангу маданият? Хонадор шудан ба кудаки 7 сола е ба келини худ???? Камтар акли худро кор фармо! Кур-курона ба араби вахши таклид накун! Дар Ироку Афгоистону Сурияву Либие дида истодем он фарханги баландро!!!!!

Хар дин давру замони худро доро аст! Дини зардушти хам дар замони худ дини мардуми он замон хисоб мешуд, ва бо навбат дар хар асру замон паёмбарон мувофики дастуроти Илохи паси якдигар меомаданд! Акнун аз замони омадани паёмбари охируззамон а.с. то киёми Киёмат Худои мехрубон дар Курон эълон кардааст, ки тамоми башарият бояд пайрави ин дин бошанд ва танхо Худои мехрубон аз мардумони тамоми дуньё дини Исломро кабул дорад, ва дигар динхо назди Худованд кабул нахохад шуд! (ниг. сураи Оли Имрон). Ин олими ноогох агар бо ягон уламои Исломи бахс кунад хатман пеши олими Ислом лолу гунг мешавад! Худ аз суханхояш маълум аст, ки аз Курон хабаре надорад! Хайфи он умре, ки ба нодонию чахолат гузаштааст! Бояд ин олими чохил аз Рудакиву Синову Хайёму Мавлавиву Форобиву Чомиву дигару дигар дарсу панд гирад ва донад, ки хамаи ниёгони мо мусалмон гузаштаанд!

Насим аз Росия
Точик,
ИСЛОМ БА ЗОТИ ХУД НАДОРАД АЙБЕ,
ХАР АЙБ КИ ХАСТ ДАР МУСАЛМОНИИ МОСТ
Ислом садкаи номи муслимат кунад додари хохари!Манзур аз схуани ту ки гуфти бо кудаки 7 сола хамхоба шудан паёмбари ислом аст на каси дигар.Агар ту таърихи паёмбарро мехонди ва ё аз илми тиб бохабар мебуди хар оина ба паёмбарат санг намезади.Оиша р модармон 7 сол доштанд паёмбар с уро дар акди хеш дароварданд,аммо дар сини 9 солагиаш бо у хамхоба шуд.Дувум ин ки хар зан аз нигохи тиб дар 7 ва 9 солаги ба балогат мерасад.вакте хайз дид у ба балогат расидааст ва кобилияти таваллуд карданро дорад.Аз хохару модарат ин масъалахои нозука пурс.Дигар ин ки он чи ба паёмбарон ичоза буд бар умматаш ичоза нагаштааст.Ва баъдан дар оини Зардушт медони ки зан кадур манзалат надошт вакте хайз медид уро бурда ба як гор танхо мегузошатнд наздаш андак таоме,ва уро нопок мешумориданд.зан хукук надошт ки бо марда як чо таом хурад.Аммо вакте ислом омад хукуки занхоро баланд бардошт.сураи Нур ва Нисоро хон,Боз мегуям ки дар оини зардушт ки шумо оини бобоиву ачдоди гуфта оби дахонатон рафта истодаасту химоя доред падар бо духтараш ака бо хохараш издивоч мекард,достони иБахроми гурро хонди аз Шохнома?,ман вохима намекунам ман таърихро хубатр аз ту медонам фархангро хубатр аз ту медонам.Оини Зардушт ва авасто хеч гох китобу дини мукаддас набуд садкаи Куръону ислом кунад шуморо ки саропо ахлоку маданияту фарханги боло дар он аст ки Икбол мегуяд:
Накши куръон то дар замин нишаст,
Накши кохину попо бархам шикаст.
Охир ту гуруххои силохбадасти Сурияву Ирокро ки хилофи Куръону суннат амал мекунанд мисол меори ва замони паёмбарро ба ин замон мукоиса мекуни??Агар Зардушту Авасто ки поку фархани воло медошт чаро ки аз замони вучуди ислом то кунун 14 аср сипари шуд хеч мусалмоне ручуъ ба зардушт намекунад??Хамин суолро боре ба худ додаи??Ё арабхо шуморо мачбур дар ислом нигох медоранд ба зури ярок??Падару бобоят магар дар оини Зардушт буданду онро васф мекарданд??Охир имруз араб фосик бошад ислом чи гунох дорад??Як айби куръону ислома бо далел биёред кани ин кдар нафрат доред!!!!Паёмбар с Куръону бехтарин дастуру барнома карор дод барои мусалмон магар Худо хато кард ки исломро барои мусалмонхо имруз дин карор дод???Тавроту Инчил ки китоби осмони буд ботил шуд мансух шуд,тамом дигар киммату ахамияте назди чахониён надорад кучо расад аз зардушт

Зартушт
Агар Зардушту Авасто ки поку фархани воло медошт чаро ки аз замони вучуди ислом то кунун 14 аср сипари шуд хеч мусалмоне ручуъ ба зардушт намекунад??

Ин хеле гапи хандадор шуд, хеле бемаърифат буданатро ва андешааат баробари як андешгаи араби биёбони буданат маълум шуд. Ту як бор савол надоди ба худат ки дар дунё 22 кишвари арабзабон аст ахолиаш хам чандсад миллион ва дар Германия хамаги 80 миллион ахоли аст вале чаро тамоми таърихи араб аз исломат то баъди исломат то имруз чамъ куни бароибари як Германияи 80 миллиона аклу фаросат ва илму фарханг надорад боре ба худат саваол додаи? Дуюм ин ки э беъмрифат чалламусулмон исломатро хам хамин форсу точик ислом кардааст дар мавриди Зартуштихо хабар надори имруз дар Гарбу Шарки олам ин кадар шумори зиёд доранд ки ба чандин миллионхо мерасад ва ба наздики ба чандсад миллион хам хохад расид. Агар ин кадар нафрат дори ба хамон забони Куръон гап зан чаро ба забоне харф мезани ки решааш аз Авасто об мехурад. Чаро либосеро ба зану духтарат мепушони ки аз замони каёниён боки мондааст чаро хурокхоеро мехури ки аз Зартушту аз падару бобохои онхо ба мо мерос мондааст ва чаро дар сарзамине зиндаги дори ки асосашро зартуштиён гузоштанд арабхои ту омаданду сухтанду хурданду зино карданду ба бозорхои гуломфурушии Мадина миллионхо асирро бурда аз кудакхои 7 сола то кампирхои 80 сола ба никохи худ дароварданд ва бахонаи ганимат хамаи мулки маро хароб кардан ва ба мо як китоберо додан ки кош намедоданд!!

Зартушт
Боре ба худат савол додаики ба ислом чаро ручуъ кардаи? Не савол накардаи? факат аз тарс аст аз тарси морхои дохили кабр аз тарси дузахе ки араб сохт хатто дузахаш мисли сахрои худаш аст ва бихишташ мисли руи хавлии як точик аз он ки дар нимчазираи Арабистон обу хавои тоза набуд ва хамачо хушксор ва беоби буд бихишташонро хам тавре сохтанд ки барои мо хеле чизи наве нест дар бихишти араб сохта асал як дарахтва ва оби чуйбору хавз хаст ки барои як точик як чизи оддист оби чуйи лаби дари хона ва як хавз аст ки як чизи одди хисоб мешавад аммо барои араби он замон хатто асал як чизи муъчизаосо буд ..ба гайри албатта мардуми Тоиф чун Тоиф камтар бофарханг ва захматкаштар буданд ва пайёмбари ислом бо тахдид ва сухтани ангурзорхои онхо мардуми онро мусулмон кард. аз ин бар меояд ки ислом факат бо тарсондан шумори пайравонашро зиёд кардааст ва мекунад бо тарсондан. дине ки бо тарсондан ба муродаш мерасад дини хубе буда наметавонад дар асри 21 барои гурез аз чахолат ва дуругхои сохибони дин окилони чахон доруеро кашф карданд ки номи он демокраитя хаст ва буи он ба машоми мо точикистониён хам расид Худоро шукр ( Худои ман бо Худои ту фарк дорад боз нагуи ту исломро накд карди зидди Худо хасти! Худои ман исмаш хамин танхо Худо аст ва Парвардигораш мегуям

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)