Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:03

Серҳосилии ғалларо акнун ситоди вижа таҳти назар мегирад

5 октябр 2011, 09:02

Дастгоҳи марказии вазорати кишоварзӣ ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дод.


Мақсади аслии таъсиси ин ниҳод сари вақт ва хушсифат кишт кардани зироатҳои ғалла ва гузоштани заминаи устувор барои ҳосили 2012 унвон мешавад. Аз маркази матбуот ва иттилооти вазорати мазкур ба хабаргузории «Озодагон» дар ин замина гуфтанд, ки дар сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсати кишоварзии ВМКБ ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чунин ситодҳо созмон дода шуданд. «Онҳо рафти шудгор ва кишти тирамоҳиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, аз иҷрои он ҳафтае як маротиба  дар мувофиқа бо мақомоти омор ба вазорат то 10 январи соли 2012 ахборот пешиҳод менамоянд»,-афзуд манбаъ.
Раёсатҳои растанипарварӣ, тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ, сиёсати техникӣ ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, бозрасии назорати давлатии тухмӣ, сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва раёсатҳои кишоварзии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор шуданд, ки оид ба гузаронидани кишти тирамоҳии зироатҳои ғалла дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкилиро дар байни корхонаю ташкилотҳо, хоҷагиҳои деҳқонию аҳолии деҳот ба роҳ монанд.
Тибқи иттилои расида раёсати растанипарварӣ, сарраёсату раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муваззафанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дар маҳал будаи кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин, тоза кардани шабакаҳои обёрӣ, алалхусус заҳкашу заҳбурҳои қитъаҳои ғаллазор аҳамияти хоса зоҳир намуда, оид ба меъёри обери заминҳои ғалла ба хоҷагидорон тавсияву дастурҳои зарурӣ дода, сабзиши пурраи ғалладонагиҳоро зери назорати қатъӣ қарор бидиҳанд. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!