Бахшҳо

Довталаб-2015: Аз ихтисосҳои “шик” то донишгоҳҳои сермуштарӣ

Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон давраи асосии номнавис кардани довталабон ба макотиби олии Тоҷикистонро ба анҷом расонид. Дар ин бора ба “Озодагон” сухангӯйи ин ниҳод Ситорабону Назарова иттилоъ дод. Шумораи умумии довталабон имсол 72 ҳазору 672 эълон шудааст, аммо Маркази тестӣ мегӯяд имкон дорад то оғози имтиҳонот ин шумора тағйир ёбад. Ин 72 672 довталаб барои 46768 ҷой (+55,39%) дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рақобат мекунанд.

Ситорабону Назарова ба “Озодагон” гуфт, “барои онҳое, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва ё нафароне, ки дар саффи қувваҳои мусалаҳ хидмати сарбозӣ мекунанд аз 20 то 30-юми июни соли 2015 бақайдгирии иловагӣ ба нақша гирифта шудааст”.

Донишгоҳҳои миллӣ ва тиббӣ пешсафу донишкадаи санъат ва донишгоҳи тиҷорат каммуштарӣ

Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон дар садри рӯйхате қарор дорад, ки довталабон имсол аз ҳама бештар ба ихтисосҳои он номнавис шудаанд. Имсол дар ин донишгоҳ 11975 довталаб вориди сабқат мешавад. Мақоми дувумро аз ҳисоби номнавис шудани довталабон Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо 9785 довталаб касб кардааст ва мақомҳои сеюму чоруму панҷумро аз рӯи теъдоди довталабон, мутаносибан Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Қурғонтепа ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо 5933, 5867 ва 4911 довталаб ишғол намудаанд.

Довталабон имсол аз ҳама камтар ба Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (215 нафар), Донишкадаи омӯзгорӣ дар Панҷакент (277 нафар), Донишкадаи омӯзгорӣ дар Рашт (336 нафар), Донишкадаи санъат (443) ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди президенти Тоҷикистон (477 нафар) номнавис шудаанд. Инчунин имсол теъдоди номнависшудагон ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хеле кам (696 нафар) шудааст, ки танҳо як зина болотар аз Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам (631 нафар) қарор дорад.

Ба ихтисосҳои Донишгоҳи миллӣ дар маҷмуъ 129295 интихоб сурат гирифта ба ихтисосҳои Донишгоҳи тиббӣ 49135 ва ихтисосҳои Донишгоҳҳои Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа мутаносибан 58365 ва 46464 интихоб рост меояд. Мақоми панҷумро дар ҳисоби интихоби ихтисосҳо бо 39558 интихоб Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон касб намудааст. Дар маҷмуъ ба тамоми ихтисосҳои муассисаҳои таълимӣ 723515 интихоб сурат гирифтааст.

Ихтисосҳои “шик”-у сердовталаб - тиб, молияву қарз ва ҳуқуқ

Имсол ҳам довталабон аз ҳама бештар ихтисосҳои тиббӣ ва ҳуқуқшиносиву иқтисодиро интихоб намудаанд. Бар асоси омори Маркази тестӣ аз ҳама ихтисосҳои сердовталаб гуруҳи ихтисосҳои 5 (тиб, биология ва варзиш) будаанд, ки барои 10366 ҷой 24074 нафар номнавис шудаанд. Аз ҷумла ба ихтисоси кори табобатӣ дар Донишгоҳи тиббӣ 13 847 интихоб сурат гирифта, ки аз ҳама нишондоди баландтарин мебошад. Ба ҳамин ихтисос дар Донишгоҳи миллӣ 3502 интихоб сурат гирифтааст. Ба ихтисосҳои дигари Донишгоҳи тиббӣ теъдоди интихобҳо чунин аст: фармасевт – 7014, педиатр – 7693 ва стомотолог – 6154 нафар.

Ихтисосҳои сердовталаби Донишгоҳи миллиро имсол ин гуна интихоб кардаанд: ҳуқуқшиносӣ (5662 интихоб), кори тиббӣ-табобатӣ (4068 интихоб), идораи давлат ва ҳуқуқ (4473 интихоб), молия ва қарз (5308 интихоб), кори бонкӣ (4657 интихоб). Ихтисосҳое, ки дар Донишгоҳи миллӣ аз 3 ҳазор интихоб пойин доранд хеле зиёданд.

Ихтисоси молия ва қарзро дар дигар донишгоҳҳо довталабон чунин интихоб кардаанд: Донишгоҳи тиҷорат (1289), Донишгоҳи технологӣ (1307), Донишгоҳи Хоруғ (116), Донишкадаи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат (1421), Донишгоҳи Кӯлоб (1261), Донишгоҳи Қӯрғонтеппа (956), донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (753).

Дар дигар гуруҳи ихтисосҳо довталабон чунин номнавис шудаанд: Гуруҳи 1-ум барои 11 203 ҷой 11 107 (-0,86%), гуруҳи 2-юм барои 12 159 ҷой 15 735 (+29,41), Гуруҳи 3-юм барои 8914 ҷой 12780 (+43,37), Гуруҳи 4-ум барои 4126 ҷой 8976 (+117,55) довталаб вориди сабқат мегарданд.

Довталаби духтар бештар аст ё писар?

Бар асоси иттилои Маркази миллии тестӣ номнавис шудани довталабон вобаста ба минтақаҳои кишвар чунин аст: дар шаҳри Душанбе 8757 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12116, Суғд 18 162, Хатлон 30534 ва ВМКБ 3069 нафар. Ҳамчунин бар асоси омори Маркази миллии тестӣ шикофи бузурги ҷинсиятӣ миёни довталабон дида мешавад. Аз 72 672 нафар довталаби номнависшуда 45 042 нафарро писар ва танҳо 27 630 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Духтарон аз ҳама бештар дар ВМКБ номнавис шудаанд. Танҳо дар ин вилоят теъдоди духтарони номнависшуда аз писарҳо бештар мебошад. Аз 3069 нафар 1579 нафарро духтарон ташкил мекунанд. Дар сатҳи ноҳия ва шаҳрҳо духтарон аз ҳама бештар дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 1934 нафар ва аз ҳама кам дар ноҳияҳои Тоҷикобод (9), Тавилдара (14), Куҳистони Масчоҳ (19) Ҷиргатол (23) ва Нуробод (24) нафар номнавис шудаанд.

Ҳамчунин аз теъдоди умумии довталабон 186 нафар ятими кул, 159 нафар маъюби дараҷаҳои гуногун ва 3281 нафар нимаятим будаанд. Имсол шумораи довталабон нисбат ба соли гузашта 20 ҳазор бештар мебошад. Соли гузашта ҳудуди 51 ҳазор довталаб дар имтиҳоноти дохилшавӣ ширкат карда буданд.
Мӯҳр
"шикофи бузурги ҷинсиятӣ" ибораи гӯшхарош азизон. Аз куҷо ва аз забони кӣ гирифтед намедонам, аммо беҳтар аст аз калимоте ба монанди тафовут, фарқият истифода намоед ё ҷумлабандиро тағйир диҳед

Чаро дар бораи донишгохи славяни ва филлилахои донишгоххои Россия дар Точикистон ягон иттилоот нест? Ин муссисахои таълими хам тарики МТ мегузаранд-ку. Ё боз гап дигар шуд-ми?

Сайфов Ризван
Аз масулони вазороти маориф ва илм махсус Вазири маориф ва илм хохиш дорм ки барои чалб кардани чавонон ба илмхои дакик ба мисли пизишки мухандиси дар сохохои мухталиф махсус мутахасисон дар сохои кишоворзи дар сохаи канданихои файданок ба мисли нефт газ бештар талош кунанд тарики тевизон бояд барномахои вижа барои чалб кардан чавонон ба илмхои дакик ё барномахои таблиготи дар мактаб хо ки чавонон бештар ба илмои дакик майл пайдо кунанд чун ман мушохида мекунам дар тчк бештари чавонон ба илмхои куминатари майлдоран ба мисли хукук сиёсат равобит ин ихтисос хуб хастан то инхад аз ниёзи кишвар зиёд аст бояд бешар ба кадрои мухми чочикистон тавачух кард мили мухандис дар сохаи энер гетика об кух ва г... ба хотиреки чавонон майл ба чунин ихтисос хо кунанд бояд вазорати маориф рекламаи ин ихтисосхоро бо тарики тивизон хавсман куни.ва г....ба рох монад )ман ки худ бо дастгири вазорати маориф ва илм дар хоричи кишвар тахсил мекунам мебинам ки чавонони ин кишвар бештар ба илмхои дакик май доранд ва сабаи пешравии ин кишвахони дар мувафак шидан дар илмхои дакик аст.бо умеди мувафакияти донишчуёни точик

Ба Тарчумон
Бо фикратое пурра рози мебошам, пешниходатонро дастгири мекунам.

Кулябец
Ин кадар афиша чи даркор! Пулдору тагодору шароитдор мегузараду мехонад ва камбагал боз ба мухочират!

Хама медона ки дар ин донишгоххо бешапка (бе тага, бепул ) намешава. Дар ончо
Шапкадоро мехонанд.

Зубайд,
хама медонанд, ва хама боз ба хар хел мултфилм бовар мекунанд. ба фикрам як рекламаи хушку холи, мушкили ба халкии мехнаткаш, тагаву чиновнико, бачаву гулаку чулакшона, барвакт таер кардагиян, боз босавод як тараф, бесаводи нодида дар вазифаи оянда.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)