Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 14:40

Адолф Ҳитлер ва мусулмононро чӣ мепайвандад?

17 май 2011, 07:54

Маротибаи чорум дар давоми моҳи охир аст, ки қабристони мусулмонони шаҳри Нижний Новгороди Русия аз сӯи авбошон тахриб карда мешаванд.

Ин навбат миллатгароён 68 марқади мусулмононро дар қабристон «Марина роша» валангор кардаанд. Пулиси ин шаҳр мегӯяд, миллатгароён дар сангҳои мазор бо ранги сиёҳ свастикаи фашизм -салибҳо кашида, аксари сангҳоро валангор намудаанд.

Ин барои бори аввал нест, ки мусулмонони  ин шаҳр аз ҳаракатҳои ғайриинсонии миллатгароёнаи ҷавонони ин шаҳр нисбати фавтидагон ба пулис шикоят мебаранд. Рӯзи 20 апрел -рӯзи таваллуди Адолф Ҳитлер 24 санги нишонаи болои мазор дар қабристони Новосормовск, 24 санг дар қабристони Румянтсево, 11 май 36 санги мазор дар қабристони Румянтсево ва ҳамакнун 68 санги ёдгории болои гӯри мусулмонон дар гӯристони  «Марина Роша» тахриб ва бо салибҳои фашистӣ бознависӣ шудаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ тибқи моддаи «Бадкориҳо дар тани фавтидагон ва қабристонҳо»  боз шуда, ҷустуҷӯи авбошони миллатгаро идома дорад. Аммо ҷойи ҳайрат аст, ки то имрӯз пулис ҳеч як аз ин авбошонро дастгир наркардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!