Бозингарони навраси Тоҷикистон қисмати аввали бозии худро бо ду гол ба дарвозаи ҳариф ба анҷом расонданд.
Голи аввал дар дақиқаи 17 ва голи дуюм дақиқаи 34-ум вориди дарвозаи дастаи Қирғизистон шуд. Ин дидор дар чорчуби сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2012 миёни футболбозони то 16-сола ҷараён дорад. Футболбозони навраси тоҷик боз 45 дақиқаи дигар дар ихтиёр доранд, то бар шумораи голҳояшон гол зам кунанд. Ёдовар мешавем, тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр бо дастаи Ҳиндустон ва 9-уми октябр бо мунтахаби Ӯзбакистон вориди рақобат мешавад. {jathumbnail off}
Мӯҳр