Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:25

Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалли сохтмони масҷиди бузургтарини Душанбе

6 октябр 2011, 03:30

Бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон сохтмони масҷиди ҷомеъи Душанбе, ки барои 115 ҳазор намозгузоранда дар як вақт пешбинӣ шудааст, оғоз ёфт.


Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сарвари давлат ба маҳалли сохтмони ин масҷид, ки бо харҷи беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои Тоҷикистону Қатар дар зарфи 3-4 соли оянда сохта хоҳад шуд, ташриф оварда, дар оғози корҳои нахустини сохтмон бевосита ширкат варзид. Райисҷумҳур ба экскаватор нишаста, бо кандани сангу шағал ва бор кардани он ба мошини боркаш, ба омода кардани зербинои ин масҷиди бузург бевосита оғоз бахшид.

Маврид ба ёдоварист, ки санги нахустин барои сохтмони ин масҷид моҳи октябри соли 2009 гузошта шуда буд ва то ин вақт мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар ба омўзиш, таҳқиқу тадқиқ ва омода кардани лоиҳаи он машғул буданд. Қайд кардан зарур аст, ки аз 100 миллион доллари пешбинигардида, 70 миллионаш аз ҷониби давлати Қатар ва 30 миллион аз ҷониби Тоҷикистон ҷудо хоҳад шуд. Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкати ватании «Сомон-сохтмон» анҷом ёфта, дар давраи бунёди масҷид аз 800 то 1000 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.Тибқи лоиҳа, ки бо назардошти аносири бостонию муосири санъати меъмории тоҷикӣ ва ҷаҳонӣ омода гардидааст, масҷид аз 4 манораи баландиаш 65 метра, гумбази 47 метра, толори бузург ва толорҳои хурди намозгузорӣ ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат хоҳад буд. Тавре зикр гардид, дар толору айвонҳо 50 ҳазор ва дар саҳни ҳавлию атрофи масҷид 60 ҳазор, ҷамъ то 115 ҳазор нафар дар як вақт метавонанд намоз хонанд.Ба иттилои мутахассисони соҳа, ин бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар тамоми қаламрави кишварҳои пасошўравӣ хоҳад буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!