Бахшҳо

(АКСУ ВИДЕО) Фурӯшандаи "Пойтахт 90": дар орзуи харидорем

Соҳибкорони бозори “Шаҳмонсур”, ки бо амри шаҳдори Душанбе дар таърихи 28 апрел ба Маҷмаи савдои “Пойтахт 90” интиқол дода шуданд, аз кам будани харидорон ва барор нагирифтани тиҷораташон нигаронӣ мекунанд. Ин гуруҳи соҳибкорон 8 май дар суҳбат ба “Озодагон гуфтанд, агар вазъ ба ҳамин минвол идома пайдо кунад, маҷбуранд тиҷораташонро қатъ кунанд.

Ҷалол Ҷалолов, соҳибкори бозори “Шоҳмансур”, ки ҳафтае қабл ба Маҷмаи савдои “Пойтахт 90” кӯчидааст, мегӯяд, шароити бозор беҳтар аст, аммо савдо равнақ надорад. Ба қавли ӯ, “шароити ин бозор нисбат ба бозори “Шоҳмансур” хеле беҳтар аст. Аммо рафту омад ва савдои мардум кам аст. Барои он кам аст, ки мардум намедонад, дар бозори “Пойтахт 90” маҳсулоти кишоварзиву меваи хушк дар фурӯш аст”.

Ин соҳибкор мегӯяд, бо далели кам будани харидор нархҳо инҷо нисбат ба “Шоҳмансур” арзонтар ҳастанд: “Барои он ки савдо кам аст, баъзе соҳибкорон ба зарари худ маҳсулоташонро фурӯхта истодаанд”. Соҳибкори дигар, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд рӯзе дар ин бозор 50 сомонӣ савдо мекунад, ки барои харҷи рӯзгораш басанда нест: “Намедонам, ки пули иҷораро диҳам ё ба фарзандонам ягончи бихарам? Дар орзуи харидорем”.



Афзал Кабиров, соҳибкори дигар ҳам гуфт, аз чаҳор рӯзи пеш дар Маҷмаи савдои “Пойтахт 90” ба тиҷорат пардохтааст. Ӯ мегӯяд, “муштариҳои мо ба бозори “Шоҳмансур” мераванд, аммо онҷо холӣ аст. То мардум одат мекунад, ки мушкил аст”.

Мунаввара Набиева дар суҳбат ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, рӯзе дар бозори “Шоҳмансур” то 500 сомонӣ савдо мекард, аммо ин ҷо харидор кам аст: “То 200- 300 сомонӣ савдо мекунем, вале баъзе рӯзҳо умуман чизе фурӯхта наметавонем”. Ӯ дар идома гуфт, агар тиҷорат дар ин бозор ба зарараш пеш равад, маҷбур аст, савдоро қатъ кунад.

Нигаронии соҳибкорон дар ҳолест, ки тибқи қарори шаҳрдорӣ фурӯши маҳсулоти хушкмева дар бозори “Шоҳмансур” манъ шуда, соҳибкорон ба Маҷмаи савдои “Пойхтат 90” интиқол дода шуданд. Баъди судури ин фармон бархе аз соҳибкорон фаъолияти тиҷоратиашонро қатъ карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ -- Русия рафтаанд.

Маркази савдои “Пойтахт 90”, дар кӯчаи Меҳнати пойтахт воқеъ буда, бо 194 миллион сомонӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе бунёд шудааст. Расми баҳрабардорӣ аз он 5 сентябри соли 2014 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта буд.


(АКСУ ВИДЕО) Фурӯшандаи "Пойтахт 90": дар орзуи харидорем

(АКСУ ВИДЕО) Фурӯшандаи "Пойтахт 90": дар орзуи харидорем

(АКСУ ВИДЕО) Фурӯшандаи "Пойтахт 90": дар орзуи харидорем

(АКСУ ВИДЕО) Фурӯшандаи "Пойтахт 90": дар орзуи харидорем

(АКСУ ВИДЕО) Фурӯшандаи "Пойтахт 90": дар орзуи харидорем

(АКСУ ВИДЕО) Фурӯшандаи "Пойтахт 90": дар орзуи харидорем

(АКСУ ВИДЕО) Фурӯшандаи "Пойтахт 90": дар орзуи харидорем
Мӯҳр
258
Арзон кунен мардум меравад акнун чои хуба шахрдор бино кард тамоми бозорохоро беруни шахр баровардан лозим аст.

Неик якчи мардума руз надодед, да. Баъде мардум зидди шумо баромад сухан зад бад ҳамаҷода террористу экстремист мегешон. Намедонум чи ният доре, киян советникои шумо. Неки сахт хатоги доред. Коргарони ҳукумат мардума азоби сахт дода истодае, неки ира бдоне, ки дар Тоҷикистон ҳастан ҷавоное, ки ҷоншона барои ашки чашми и модаро метиян! Маҳмадсаид Убайдуллов! Вақти пенсият шид чиба нарафти!? Иқадар кор карди, дар Русия омада буди гуфти бачаҳома хонондум, ҳамам тенҷай. О намерави пенсия\, ки мардумам зиндагиша тенҷ кунад ?

пойтахт 90- аз тамоми бозорхои дигар нархаш кимат аст. Арзон кунанд, ки мо равем харид кунем, агар не пас шинанд чунин хомуш бо махсулоти худ!

Асрор
Хеч гап не, арзонтар кунед молу маводро, хамин кадар сол хуни мардумро хурда гаштед. Нархи 1кг магзи писта 120-150 сомони, нархи зардолуи хушк 1кг - 70-80 сомони, нархи 1кг мавиз - 80-100 сомони, ки ин махсулотхои истехсоли худи мебошанд. Кучост инсоф?

852
Мо бояд охиста охиста ба савдои бомаданият гузарем ки нишонаи аввали он хамин маркази савдо мебошад холо хам магозахо дар кучахо озука мефурушанд ки хилофи норма мебошад аз ин ру магозахои худсохти ба талаботи меъери санитари чавобгуй набударо бархам додан лозим аст.

Рустам
Рост меган каме арзон кунед, барои реклама. Баъд нигох кунед чи хел савдо меша.

шахрванд
Нархатон дар осмон , ки меравад назди шумо..

хуршед чалолов
бфора шин нафорад хуй хур

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)